ДАЛЕЛҲО ВА РАҚАМҲО (САТҲИ ГЛОБАЛӢ)
Icône famille
1.7M
100,000
IOM Facts and Figures_Country Covid
140
IOM Facts and Figures_Country Fund
122

Ба воситаи Шуъбаи мудирияти муҳоҷират, СБМ дар самти таҳияи дастурамалҳои роҳнамо; таҳияи стратегияҳои глобалӣ; меъёрофаринӣ ва назорати сифат; ва идоракунии донишҳои марбут ба соҳаҳои “асосӣ”-и муҳоҷират, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ ва танзимшуда, муҳоҷират ва рушд, муқовимат ба савдои одамон, кумак ба бозгашти ихтиёрӣ, тандурустии муҳоҷирон, кумак ба муҳоҷирони осебпазир, иммигратсия ва мудирияти сарҳадҳо ва такмили умумии ихтисос дар мудирияти муҳоҷират кор мебарад.

Илова бар ин, Шуъба мудирияти Хазинаи рушди СБМ-ро низ дар ихтиёр дорад ва масъулияти бознигарӣ, тасдиқ ва идоракунии лоиҳаҳои чандминтақавӣ ва глобалиро бар дӯш дорад. Шуъба назорати техникии бознигарӣ ва тасдиқи лоиҳаҳоро аз ҷониби коршиносони соҳа таъмин менамояд. Он низ дар ҳамоҳангсозӣ бо Шуъбаи ҳамкорӣ ва шарикиҳои байналмилалӣ ба нигоҳдории шарикиҳои амалиётӣ бо шарикони дахлдори ҳукуматӣ, чандҷонибӣ ва бахшҳои соҳавии хусусӣ масъул аст.

Дар Тоҷикистон, СБМ бо расонидани кумак ба муҳоҷирон ва гурезагон, ки беҳтар ҳамгиро шаванд ва бо таъмини мадад ба ҷомеаҳои қабулкунанда, ки саҳми мусбати муҳоҷиронро эътироф ва дастгирӣ кунанд, аз мудирияти муҳоҷират пуштибонӣ менамояд.