-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои осебпазиртарин ба тағйирёбии иқлим мебошад ва Тоҷикистон – яке аз кишварҳои осебпазиртарин дар Осиёи Марказист. Тақвият ёфтани хушкиву камборонӣ, афзоиши назарраси ҳарорати ҳаво, хусусияти ғайримунтазами боришот ва обшавии баъдии пиряхҳо пешбинӣ шудаанд, ки ба истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ, чарои чорво, бехатарии озуқаворӣ ва об таъсири амиқ мегузоранд. Ба сабаби имкониятҳои маҳдуди мутобиқшавӣ ва вобастагии зиёди соҳаҳое, ки ба иқлим ҳассосанд, Тоҷикистон аз падидаҳои шадиди иқлим фавқулодда осебпазир аст.
Муҳоҷират – дар шаклҳои гуногуни худ – бо таъсироти иқлим ва таназзули муҳити зист муайян мешавад ва муайян хоҳад шуд. Вале ҳангоми вуҷуд доштани шароитҳои мусоид муҳоҷират метавонад мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро тақвият диҳад ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлимро баланд бардорад. Ҳамзамон, одамоне, ки захираҳои камтарин доранд, камтар аз ҳама қодиранд аз таконҳову фишорҳои экологӣ канораҷӯӣ кунанд ва ҳамзамон ба таъсироти чунин таконҳову фишорҳо бештар осебпазир мемонанд.
- Нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ
-
Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим муҳоҷиратро ҳамчун масъалаи фарогир муайян менамояд. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаест, ки таҳияи Нақшаи миллии мутобиқшавиро дар чорчӯбаи Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим сарварӣ менамояд.
СБМ Тоҷикистон ҷонибҳои манфиатдори муносибро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд то ҳамбастагии байни муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлимро бифаҳманд ва ба эҷоди шароитҳои мусоиде кумак расонанд, ки барои кушодани потенсиали мутобиқшавии муҳоҷират, коҳиш додани хавфҳое, ки бо муҳоҷират алоқаманданд ва таҳия кардани тавсияҳои воқеӣ барои дастгирӣ намудани муҳоҷирати хуб идорашуданӣ дар контексти мубориза бо тағйирёбии иқлим заруранд.
- Ҷорисозии ҷанбаҳои гендерӣ
-
Интизор меравад, ки ба сабаби таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва воситаҳои маишате, ки аз иқлим вобастаанд, аҳолии деҳот метавонанд бо стратегияҳои гуногуни мутобиқшавӣ вокуниш нишон диҳанд, ки яке аз онҳо муҳоҷират мебошад.
Дар ҳоле, ки қисми назарраси маблағҳои интиқолии муҳоҷирон баъдтар барои хариди озуқаворӣ, молҳои истеъмолӣ, ҳифзи тандурустӣ ва маориф истифода мешавад, танҳо қисми маҳдуди он барои тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим харҷ мешавад. Дарки маҳдуди ҷанбае вуҷуд дорад, ки занони дар хона бозмонда чӣ гуна ба мушкилоте вокуниш нишон медиҳанд, ки бо муҳоҷирати аъзоёни ҷинси марди оила ва қобилияти ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шудани онҳо алоқаманданд.
СБМ Тоҷикистон барои арзёбӣ кардани нақши мудохилаҳои рушди зарфият дар самти расонидани кумак ба заноне, ки дар хона бозмондаанд, ҷиҳати такмил додани мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар хонаводаҳо ва ҷомеаҳои онҳо, таҳқиқот баргузор менамояд.
Барои маълумоти бештар, лутфан бо Моҳира Файзуллоева (mfayzulloeva@iom.int) тамос гиред.