-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, дар беш аз 100 кишвари саросари олам ҳузур дорад ва барои такмил додани мудирияти муҳоҷират ба 175 кишвари узв кумак мерасонад. Соли 2019, СБМ ба 30 миллион нафар, аз ҷумла, 23 миллион шахсони дар ҳоли тағйири макон (шахсони дар дохили кишвар аз ҷои худ беҷошуда, муҳоҷирон ва гурезагон) ва 7 миллион узви ҷомеаҳои мизбон, кумак расонидааст.
СБМ барои таъмин намудани мудирияти муназзам ва инсондӯстонаи муҳоҷират ҷиҳати пешбурди ҳамкории байналмилалӣ атрофи масъалаҳои муҳоҷират, расонидани кумак дар ҷустуҷӯи ҳалли амалии масъалаҳои муҳоҷират ва расонидани кумаки башардӯстона ба муҳоҷирони мӯҳтоҷ, хоҳ гурезагон, шахсони аз макони худ беҷошуда ва ва хоҳ дигар одамони бехонумон бошанд, кор мебарад. Конститутсияи СБМ робитаи байни муҳоҷират ва рушди иҷтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳуқуқ ба озодии тағйири маконро возеҳу равшан эътироф менамояд.

СБМ дар чаҳор соҳаи васеи мудирияти муҳоҷират кор мекунад: муҳоҷират ва рушд, мусоидат ба муҳоҷират, танзими муҳоҷират ва бартарафсозии муҳоҷирати иҷборӣ. Фаъолиятҳои фарогир пешбурди қонуни байналмилалии муҳоҷират, мубоҳиса ва тавсияҳои сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, тандурустии муҳоҷирон ва ҷанбаи гендерии муҳоҷиратро дар бар мегиранд.
Дар Тоҷикистон, СБМ бо шарикони ҳукуматӣ, байниҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ ҳамкории наздик дорад.