Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) шуморо даъват менамояд, ки ба ташаббусҳои гуногуни дастаҷамъӣ ҷалб шавед, тадбирҳо андешед ва иштирок намоед то муҳоҷират ба нафъи ҳама кор кунад.

Ҳар як нафар бояд нақш бозад то муҳоҷират ба нафъи ҳама, аз ҷумла, муҳоҷирон ва ҷомеаҳои асл, транзитӣ ва мизбон, кор кунад.

Муҳоҷират ба ҳамаи соҳаҳои рушди устувор таъсир мегузорад ва аз онҳо таъсир мепазирад. Мудирияти муҳоҷират барои муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 ва 17 Ҳадафи рушди устувори он (ҲРУ) ба омили муваффақият табдил хоҳад ёфт.

IOM DIVERSITY AND INCLUSION INTERNSHIP PROGRAMME

 

With the aim of increasing the diversity of the IOM workforce, the 2024 Diversity and Inclusion Internship Programme, will consist of 6 positions open exclusively to persons with disabilities and 9 roles open exclusively for nationals of non- and under-represented Member States.

 

Read moreDiversity and Inclusion at IOM.

Шуғли корӣ

Узви дастаи СБМ будан баландтарин меъёрҳои самаранокӣ, салоҳият ва поквиҷдониро тақозо менамояд. СБМ низ талош меварзад, ки тавозуни баробари ҷуғрофиро дар миёни кормандони худ нигоҳ дорад. Ҳамин тариқ, талошҳои бакоргирии мо шаҳрвандони кишварҳои узви моро мавриди ҳадаф қарор медиҳанд, вале ҳатман бо онҳо маҳдуд нестанд. Мо корфармое ҳастем, ки имконияти баробар медиҳем ва дар ҷустуҷӯи мутахассисони ба кори худ сарсупурдае ҳастем, ки дар соҳаи муҳоҷират силсилаи васеи маҳоратҳоро доранд. Кормандони СБМ дар муҳити чандфарҳангӣ кор мекунанд, ки дар он гуногунӣ ва ҳассосияти фарҳангӣ арзишманд аст.

Бештар бихонед

Бо мо бизнесро ба роҳ монед: харидҳо

Омили арзишманди обрӯву эътибори СБМ дар миёни кишварҳои узв ва донорҳо мудирияти дақиқи маблағҳои вогузоршуда мебошад. Азбаски афзоиши фаъолиятҳои СБМ дар вокуниш ба мушкилоти глобалии муҳоҷират идома меёбад, ниёзҳои мо ба харид низ рӯ ба афзоиш ҳастанд. Мо дар ҳамаи амалиётҳои харид баландтарин меъёрҳои ахлоқиро ба кор мебарем ва таъминкунандагони молҳову хидматрасониҳоро бар асоси сиёсати худ ва меъёрҳои муқарраршудаи интихоб интихоб менамоем.

Бештар бихонед