-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) фаъолиятҳои худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз намуд. Дар саросари кишвар, СБМ ба ниёзмандиҳои башардӯстонаи муҳоҷирон, шахсони дар дохили кишвар аз ҷои худ беҷошуда, шахсони баргашта ва ҷомеаҳои мизбон тавассути расонидани кумаки мустақими башардӯстона, рушди тандурустӣ, эҷоди имкониятҳои шуғл ва бисёр чорабиниҳои дигар кумаки ҳамаҷонибаи худро таъмин менамояд. Дар бораи СБМ дар Тоҷикистон бештар биомӯзед.
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
Бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, СБМ талош меварзад, ки муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзамро ба нафъи ҳама густариш диҳад. Созмон ин корро тавассути таъмин намудани хидматрасониҳо ва машварат ба ҳукуматҳо ва муҳоҷирон анҷом медиҳад. СБМ барои таъмин намудани мудирияти муназзам ва инсондӯстонаи муҳоҷират ҷиҳати пешбурди ҳамкории байналмилалӣ атрофи масъалаҳои муҳоҷират, мусоидат ба ҷустуҷӯи ҳалли амалии масъалаҳои муҳоҷират ва расонидани кумаки башардӯстона ба муҳоҷирони эҳтиёҷманд, аз ҷумла, гурезаҳо ва одамони дар дохили кишвар аз ҷои худ беҷошуда, кор мебарад. Конститутсияи СБМ робитаи байни муҳоҷират ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳуқуқ ба озодии тағйири маконро эътироф менамояд. СБМ дар чаҳор соҳаи васеи мудирияти муҳоҷират кор мекунад:
- Муҳоҷират ва рушд
- Мусоидат ба муҳоҷират
- Танзими муҳоҷират
- Муҳоҷирати иҷборӣ
Фаъолиятҳои СБМ, ки ҳамаи ин соҳаҳоро инъикос мекунанд, пешбурди қонуни байналмилалии муҳоҷират, мубоҳиса ва тавсияҳои сиёсӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон, тандурустии муҳоҷирон ва ҷанбаи гендерии муҳоҷиратро дар бар мегиранд.