-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон соли 1993 тӯли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар он замон, таваҷҷуҳи фаъолиятҳо асосан ба расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми аз низоъ таъсирпазируфта; тағйири макон, бозгашт ва кӯчдиҳии гурезагон ва 700,000 шахсони дар дохили кишвар аз ҷои худ беҷошуда равона шуда буданд. Аз он замон СБМ ташаккул ёфт ва силсилаи васеи фаъолиятҳои мавзӯиро дар саросари кишвар густариш дод.
Дар чорчӯбаи мандати худ, СБМ Тоҷикистон талошҳои муқовимат ба савдои одамонро дар кишвар бо истифода аз равиши ба қурбониҳо нигаронидашуда ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа аз савдои одамон сарварӣ менамояд, ки ҳадафи он пешгирӣ аз истисмор ва нақзи ҳуқуқ мебошад. СБМ Тоҷикистон низ бо мақомоти тандурустӣ ва гурӯҳҳои диаспора атрофи масъалаҳои тандурустӣ, махсусан бемориҳои сироятие монанди сил ва ВНМО, бо таваҷҷуҳи асосӣ ба тандурустии муҳоҷирони меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо кор мебарад. Боз дигар афзалияти муҳим расонидани кумак ба талошҳои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти тақвият додани мудирияти сарҳад, таҷдиди таҷрибаҳову қоидаҳои беҳтарин ва муосирсозии объектҳо дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ барои мусоидат намудан ба убури қонунии молу маҳсулот ва одамон бо ҳифзи ҳамзамонии бехатарии сарҳадҳо мебошад.
СБМ Тоҷикистон дар самти ҳифзи суботи ҷомеа барои эҷоди ҷомеаҳои амнтару шукуфотар тавассути дастгирии соҳибкориҳои хурд, биносозии инфрасохтори ҷамъиятӣ ва таъмини омӯзиши касбӣ-техникӣ фаъолият мекунад. Дар интиҳо, ҳамчун яке аз кишварҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазиртарин аст, СБМ низ чанд барномаи пешравро дар самти муҳоҷират, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим тавассути эҷоди зарфиятҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамгиросозии муҳоҷират ба Нақшаҳои миллии мутобиқшавӣ ва гувоҳиҳое, ки бар ҳамбастагии байни мутобиқшавӣ ва муҳоҷират асос меёбанд, амалӣ менамояд. СБМ Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, СММ-Занон, ЮНИСЕФ, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо, Барномаи рушди СММ ҳамчун узви Гурӯҳи кишварии СММ коршарикии наздик дорад. Дар чорчӯбаи Гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба эътинои бетаъхир ба ҳолатҳои фавқулодда ва арзёбӣ (Rapid Emergency and Assessment Coordinator Team – REACT) СБМ Тоҷикистон гурӯҳи кории соҳавиро дар Кластери ҳамоҳангсозӣ ва мудирияти лагерҳо (Camp Coordination and Camp Management Cluster – CCCM) сарварӣ мекунад.