ДАЛЕЛҲО ВА РАҚАМҲО (САТҲИ ГЛОБАЛӢ)
Appeal Request
3 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ
Countries with IOM Crisis-Related Responses
111
IOM Operational reach in emergencies
37 МИЛЛИОН НАФАР

Низоъҳо, зӯровариҳои мусаллаҳона, офатҳои табиӣ, эпидемияҳо, пандемияҳо ва буҳронҳои дигар миллионҳо одамонро маҷбур менамоянд, ки хонаву ҷомеаҳои худро, баъзан ба муддати солҳо ё ҳатто даҳсолаҳо, тарк кунанд. Ҳоло миллионҳо одамон дар дохил ва берун аз сарҳади кишвари худ дар ҳоли бемаконанд ва ба ҳисоби миёна офатҳои табиӣ ҳар сол 25 миллион нафарро аз макони худ бемакон мекунанд. Таназзулҳои иқтисодӣ, ноустувории сиёсӣ ва омилҳои дигар низ ба кӯчбандии оммавии аҳолӣ боис мешаванд.

Ҳамчун муассисаи пешбари СММ, ки дар самти муҳоҷират кор мекунад, мо ба наҷот додани одамон ва расонидани кумак ба одамон, ки аз хатар дар амон бошанд, уҳдадор ҳастем. Мо ба ҳифз ва кумаки шахсоне мешитобем, ки бар асари буҳронҳо бемакон ё бехонумон шудаанд ва барқарорсозии аҳолӣ ва ҷомеаҳои онҳоро дастгирӣ мекунем. Мо рӯи коҳиш додани омилҳои номусоиде кор мебарем, ки одамонро ба тарки хонаҳои худ маҷбур менамоянд, ба баланд бардоштани устуворӣ ёрӣ медиҳем ва таваҷҷуҳи худро ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ равона мекунем то ҷойивазкунӣ ва муҳоҷират ба интихобе табдил ёбад.

Созмон аз ҷумлаи бузургтарин фаъолони фаъолиятҳои башардӯстона ва яке аз камтарин созмонҳои байналмилалие мебошад, ки дар ҳамбастагии башардӯстона, рушд ва сулҳ барномаҳои мустақиман таъсиргузор дошта, вокунишҳои ҳамаҷонибаро дар ҳамаи марҳилаҳои буҳрон таъмин менамояд.

СБМ дар Тоҷикистон ба ниёзмандиҳои башардӯстонаи муҳоҷирон, шахсони аз макони худ беҷошуда, шахсони баргашта ва ҷомеаҳои мизбон вокуниши ҳамаҷонибаро таъмин менамояд.