Муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон назаррас аст. Надонистани забону қонунгузории кишварҳои мизбон ва ҳуқуқҳои қонунии худ муҳоҷиронро дар пешорӯи истисмори меҳнатӣ ё шаҳвонӣ ё савдои одамон ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар, дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва на танҳо ин кишварҳо фавқулодда осебпазир менамояд. Оилаҳои таркшуда, махсусан агар онҳо аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирони меҳнатӣ сахт вобаста бошанд, низ аз савдои одамон осебпазир мебошанд, ҳамзамон занон дар ҳар ду ҳолат ба хавфи баланд мубтало мешаванд.

Дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, Шуъбаи ҳифзи муҳоҷирон ва расонидани кумак ба онҳо таҳия ва амалисозии чорабиниҳоеро дастгирӣ менамояд, ки ба пешгирии муносибати бераҳмона ва истисмори муҳоҷирон равона шудааст ва ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мавриди савдои одамон қарор гирифтаанд ё метавонанд ба муносибати бераҳмона ё истисмор мубтало шаванд, кумаки бевосита мерасонад. Шуъбаи ҳифзи муҳоҷирон ва расонидани кумак ба онҳо такмили ихтисоси ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла ҳукумат, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигаронро барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҷорисозии равиши ба қурбонӣ нигаронидашуда дар самти муқовимат ба савдои одамон низ таъмин менамояд.

Муқовимат ба савдои одамон

Аз соли 2003 инҷониб, СБМ Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон 13 лоиҳаи миллӣ ва 5 лоиҳаи минтақавиро амалӣ намудааст. Тавассути таъмин намудани паноҳгоҳ, кумаки ҳуқуқӣ, равонӣ, равонӣ-иҷтимоӣ ва тиббӣ, инчунин кумак ба қурбониён дар самти фароҳам овардани имконияти иштирок дар курсҳои омӯзиши касбӣ-техникӣ ва кумак дар кушодани соҳибкориҳои хурди даромадовар СБМ кумаки бевосита мерасонад. СБМ низ барои қурбониёни савдои одамон телефони ройгони боварӣ таъсис додааст, ки онҳо метавонанд мустақилона барои дарёфти кумак ва дастгирӣ муроҷиат намоянд.

Дар ҳамкории наздик бо Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), ҳадафи барномаи ояндаи муқовимат ба савдои одамон пешгирӣ, ҳимоя ва коршарикиҳо буда, ба муҳоҷирони осебпазир ва гурӯҳҳои таҳти хавф қарордошта дар самти қабули қарорҳои бехатар ва огоҳмандонаи муҳоҷират, ки бар иттилооти дақиқу муътамад асос меёбад, ёрӣ мерасонад. СБМ низ муассисаҳои миллиро дар чорчӯбаи низоми ҳимояи қурбониён дастгирӣ менамояд то зарфияти онҳо ҷиҳати ба таври систематикӣ ҳимоя кардани қурбониён такмил ёбад ва мавҷудияти механизмҳову стратегияҳои мукаммал барои дастгирӣ кардани қурбониёни савдои одамон таъмин шавад.

Вусъат додани ҳуқуқу имкониятҳои занон дар контексти муҳоҷират

Муҳоҷирон дар Осиёи Марказӣ яке аз гурӯҳҳои аҳолие мебошанд, ки бештар беҳимоя ва осебпазиранд, ҳамзамон муҳоҷирзанон бо хавфҳои махсусан ҷиддии истисмори шаҳвонӣ ё меҳнати маҷбурие монанди кори ғайриихтиёрии хонадорӣ рӯбарӯ мешаванд. Ба сабаби эҳтимолияти зиёди ҷанбае, ки муҳоҷирзанон бо рӯзи кории нопурра ё ғайрирасмӣ (масалан, иҷрои корҳои хона ё нигоҳубин) ҷалб хоҳанд шуд, пандемияи КОВИД-19 осебпазирии онҳоро аз савдои одамон ва истисмор ба таври назаррас афзоиш додааст. Оилаҳое, ки аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирон вобастаанд, низ ба сабаби камбизоатӣ ва ноумедии афзоишёфта, ки аз манъи пешгӯинашудании сафар ва коҳиши вуруди маблағҳои интиқолӣ бармеоянд, махсусан осебпазир мебошанд.

СБМ Тоҷикистон барои бартараф кардани масъалаи осебпазирии муҳоҷирзанон ва оилаҳое, ки дар кишвар тарк шудаанд, аз савдои одамон, ба ҳамгирошавии онҳо бо бозори меҳнат дар кишварҳои асл ва мизбон тавассути барномаҳои мақсадноки таҳсилоту омӯзиши касбӣ-техникӣ мусоидат менамояд. Ғайр аз ин, бо мақсади беҳсозии ҳимоя ва вусъат додани ҳуқуқу имкониятҳои иқтисодии муҳоҷирзанони меҳнатӣ, коҳиш додани осебпазирии онҳо ва таъмин намудани дастрасӣ ба хидматрасониҳо, СБМ рушди зарфиятро амалӣ хоҳад кард ва ҳамкориро бо сохторҳои байналмилалӣ, сохмонҳои ғайридавлатӣ ва бахши хусусӣ тақвият хоҳад дод.

Рушди зарфият

СБМ Тоҷикистон дар самти татбиқи қонунҳо, ҳимоя, кумак ва ҳисоботдиҳии ба қурбониён нигаронидашуда (ҷамъоварии иттилоот, такмили маҳоратҳои ҳисоботдиҳие, ки бо талаботи байналмилалӣ мутобиқанд ва ғ.) тренингҳо ва рушди зарфиятро таъмин менамояд то боварӣ ҳосил шавад, ки қурбониён ба хидматрасониҳои огоҳ аз осебҳо, муносиб ба синну сол ва ҳассос ба масъалаҳои гендериву фарҳангӣ дастрасии васеъ доранд. Ин тренингҳо барои кормандони низоми ҳимояи қурбониён, аз ҷумла полис, прокуратура, хадамоти гумрук, агентии назорати маводи мухаддир, мақомоти амнияти миллӣ (полиси сарҳадӣ) ва Вазорати корҳои дохилӣ баргузор мешаванд. СБМ чанд роҳнамо, китобча ва тартиботи амалиёти стандартиро барои дастгирӣ кардани муассисаҳои мазкур ҷиҳати амалисозии қонунгузории Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон низ тавре таҳия кардааст, ки онҳо ба нафъи қурбониён бошанд.

СБМ низ боздидҳои байналмилалии омӯзиширо барои муассисаҳои миллии низоми ҳимояи қурбониён бо доираҳои илмӣ, коршиносон ё ҷомеаҳои шаҳрвандие дастгирӣ менамояд, ки нисбат ба савдои одамон равиши кории ба нафъи қурбониён нигаронидашуда доранд. Мубодилаи таҷрибаҳои пешқадам ва омӯзиш барои баланд бардоштани зарфият ва таҳия кардани маҳсулоте монанди тағйироту иловаҳо ба сиёсат, нақшаи амали нави миллӣ, маълумотномаҳо ва роҳнамоҳо таъмин мешаванд.

Шарикиҳо

СБМ рушди шабакаи умумикишварии созмонҳои ғайридавлатиро барои беҳтар ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни созмонҳои ғайридавлатии шарик, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон дар маҳалҳо кор мебаранд ва шарикони давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дастгирӣ кардааст. Дар фаъолиятҳои муқовимат ба савдои одамон дар кишвар, СБМ Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар муассисаҳои СММ, монанди Хазинаи нуфуси СММ, СММ-Занон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) низ ҳамкории наздик дорад.

Идоракунӣ

СБМ муассисаи пешбари муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон мебошад ва ба ин сабаб, таъмин намудани кумаки техникӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳияи механизмҳои нави ҳуқуқӣ ва такмилдиҳии қонунгузории дахлдор барои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон сарварӣ мекунад.

Дар соли 2014 қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон», ки бо кумаки техникии СБМ омода шудааст, барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳим маҳсуб мешавад. Барои минбаъд такмил ва таҷдид кардани қонунгузории миллӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон СБМ бо мақомоти манфиатдори давлатӣ ҳамкории наздик дорад. Бо дастгирии СБМ дар соли 2016, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Механизми миллии бозравониро тасдиқ кард, ки барои муайян кардани қурбониёни савдои одамон ё ғуломии замони муосир ва боварӣ ҳосил намудан, ки онҳо аз кумаки муносиб бархурдор шаванд, ҳамчун асос хидмат менамояд. Чанде пештар СБМ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳия намудани Нақшаи нави муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2022-2024 дастгирӣ кардааст, ки он аз ҷониби Ҳукумат 26 феврали соли 2022 расман тасдиқ шудааст.