ДАЛЕЛҲО ВА РАҚАМҲО (САТҲИ ГЛОБАЛӢ)
Migrants
281 M
Population
3.6%
Remittance
702 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ
Workers
164 M

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират ҷамъоварии додаҳо ва баргузории таҳқиқотеро анҷом медиҳад ва дастгирӣ менамояд, ки барои роҳнамоӣ ва таъйини самти сиёсат ва амалияи муҳоҷират тарҳрезӣ шудаанд. Таҳқиқотҳо барои такмил додани амалисозии барномаҳои СБМ тарҳрезӣ шудаанд ва ба дарки васеътари моделҳову равандҳои муҳоҷират ва робитаҳои байни таҳқиқи муҳоҷират ва сиёсату амалияи муҳоҷират саҳм мегузоранд. Таҳқиқот низ бо нақши СБМ ҳамчун интишордиҳандаи бозёфтҳои таҳқиқоти амалӣ, аз ҷумла, тавассути нашрияи пешоҳанги СБМ - “Гузориш дар бораи муҳоҷирати умумиҷаҳонӣ” (World Migration Report), мақолаҳое, ки дар силсилаи таҳқиқоти муҳоҷират ва маълумотномаҳои СБМ оид ба муҳоҷират нашр мешаванд, рабти мустақим доранд.

СБМ Тоҷикистон ба ниёзмандиҳои башардӯстонаи муҳоҷирон, шахсони аз макони худ беҷошуда, шахсони баргашта ва ҷомеаҳои мизбон вокуниши ҳамаҷонибаро таъмин менамояд.