-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Тоҷикистон ҳам давраи гузариши баъдисотсиалистӣ ва ҳам баъдиҷангиро аз сар гузаронидааст, ки бо гусистагиҳои бузург дар ҷомеа ва иқтисод ҳамроҳ буда, аксари онҳо имрӯз ҳам эҳсос мешаванд. Набудани имкониятҳои шуғл ва камбизоатии афзоянда, махсусан дар манотиқи деҳот, ба пайомаде натиҷа доданд, ки тақрибан як миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои дарёфти кор ба хориҷа, махсусан ба Федератсияи Россия рафтанд. Набудани мардон дар манотиқи деҳот барои сохтори иҷтимоии Тоҷикистон пайомадҳои дарозмуҳлат дорад ва бо бозгашти оммавии муҳоҷирони меҳнатие мураккабтар мешавад, ки вуруди такрории онҳо ба Россия – падидаи давомдор аз соли 2013 инҷониб – мамнӯъ аст. Бозори меҳнат дар Тоҷикистон шумораи зиёди одамонеро, ки ба ҷомеаҳои бе ин ҳам пурмушкил бармегарданд, наметавонад ба худ бикашад. Ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон аз бесуботие таъсир мепазиранд, ки аз Афғонистон сарчашма гирифта, ба муносибатҳои фаросарҳадӣ ва иттиҳоди ҷомеаҳо таъсири харобиовар мерасонад.
Илова бар ин, Тоҷикистон кишвари кӯҳистонӣ буда, ба офатҳои зуд-зуд такроршавандаи табиие монанди заминҷунбӣ, сел, обхезӣ ва тарма мубталост. Ҷуғрофияи кишвар таъмин намудани омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда ва аксуламал ба онҳоро мушкил менамояд, чунки офатҳои табиӣ бештар дар минтақаҳои баландкӯҳ ва деҳоти дурдаст тасодуф меафтанд.
Кори СБМ дар самти таъмини суботи ҷомеаҳои Тоҷикистон бо роҳҳои гуногун ба тақвият додани иттиҳод ва баланд бардоштани устувории ҷомеаҳое равона шудааст, ки аз сатҳи баланди бозгашти муҳоҷирон, ҷинояткории фаросарҳадӣ ва офатҳои табиӣ таъсир пазируфтаанд.
- Барномаи вокуниш ба буҳрони Афғонистон
-
Афғонистон буҳрони бесобиқаи башардӯстонаро аз сар мегузаронад ва дар канораи фурӯпошии низом қарор дорад. Баъд аз интиқоли пурталотуми ҳокимият дар моҳи августи соли 2021, ба сабаби мудирияти ноқис, иқтисоди зиёндида, ки дар ҳоли афтиши озод қарор дорад ва маҳдудсозии шадиди ҳуқуқи инсон, махсусан барои занону духтарон, коҳиши ҷиддии дастрасӣ ба хидматрасониҳои асосӣ ҷой дошт.
Дар чорчӯбаи Нақшаи СБМ ҷиҳати вокуниш ба буҳрони Афғонистон барои соли 2022 ва ҳамчун як ҷузъи Нақшаи ҳамаҷонибаи амал барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя СБМ се лоиҳаи минтақавиро татбиқ менамояд.
Дар робита бо афзоиши шумораи убурҳо аз сарҳади байни Афғонистону Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон низ ба СБМ бо дархости дастгирӣ кардани беҳсозии назорати санитарӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва баланд бардоштани зарфияти кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷиҳати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар соҳаи тандурустӣ муроҷиат кардааст. Ин маблағгузорӣ аз Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) низ ба СБМ имкон дод, ки ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда зарфияти ҷойгирсозиро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ вусъат бахшад ва ба афроди осебпазир дар миёни аҳолии Афғонистон ва ҷомеаҳои мизбон кумаки бевосита расонад.
Тавассути маблағгузории Иттиҳоди Аврупо, СБМ Тоҷикистон эҷоди пойгоҳи иттилоотиро оид ба имкониятҳои бокортаъминкунӣ дастгирӣ менамояд, ки барои гурезаҳои афғон ва ҷомеаҳои мизбон ҷойҳои корӣ пайдо кунад. Грантҳо ба корхонаҳои хурду миёна низ барои дастгирии рушди бизнес бо таваҷҷуҳи махсус ба шахсоне таъмин хоҳад шуд, ки ба гурезагони афғон хидматҳо ва кумаки худро мерасонанд. Ниҳоят, СБМ дар ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо «Лоиҳаҳои таъсири бетаъхир»-ро амалӣ менамояд, ки ҳадафи он дастгирӣ кардани дастрасии занони афғон ва ҷомеаҳои мизбон ба имкониятҳои дарёфти воситаҳои маишат аст. Барои маълумоти бештар, лутфан ба ин ҷо нигаред.
- Вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда
-
Фаъолияти СБМ Тоҷикистон дар самти таъмини омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулодда асосан ба баланд бардоштани зарфият, ҳамоҳангсозӣ ва расонидани кумак равона шудааст. СБМ Маркази амалиётии аксуламал ба ҳолатҳои фавқулоддаро барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар Душанбе таъсис додааст, ки ҳадафи он таъмин намудани механизмҳои муътамади ҳамоҳангсозии аксуламал ба офатҳои табиӣ мебошад.
СБМ низ барои бахши ҳамоҳангсозӣ ва мудирияти лагерҳо (Camp Coordination and Camp Management – CCCM) дар Тоҷикистон масъулият бар дӯш дорад ва онро бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳамраисӣ мекунад. Ҳамин тариқ, СБМ масъулияти банақшагирии ҳамоҳангсозиву мудирияти лагерҳо ва аксуламалро дар саросари кишвар бар дӯш дорад. Ҳангоми сар задани ҳолатҳои фавқулодда, СБМ ҳамоҳангсозӣ, миссияҳои техникӣ ва рушди зарфиятро, ки бо маконҳои беҷошавии одамон алоқаманд аст, таъмин менамояд. Ҳамроҳ бо дигар муассисаҳои низоми СММ, СБМ низ узви Гурӯҳи ҳамоҳангсоз оид ба эътинои бетаъхир ба ҳолатҳои фавқулодда ва арзёбӣ (REACT) мебошад.
- Инфрасохтори ҷомеаҳо
-
Аз соли 2015 инҷониб, СБМ Тоҷикистон барои такмил додани шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеаҳои осебпазири наздисарҳадӣ 21 лоиҳаи инфрасохтори ҷомеаҳоро татбиқ намудааст, ки ҳамчун сарчашмаи муҳими шуғл низ хидмат мекунанд.
Қарор дар бораи ин, ки кадом лоиҳаҳои инфрасохтори ҷомеаҳо бунёд хоҳанд шуд, аз ҷониби худи ҷомеаҳо дар ҳамкорӣ бо СБМ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ қабул мешавад ва дар натиҷа, беш аз 20,000 нафар аз лоиҳаҳои татбиқшуда истифода мебаранд. То имрӯз СБМ бозорҳо, анборҳои яхдондор, системаҳои таъмини барқ, каналҳои обёрӣ, системаҳои таъмини оби ошомиданӣ, бунгоҳҳои кумаки аввалияи тиббӣ, ҳоҷатхонаҳо ва инфрасохтори тақвиятдиҳии соҳилҳои дарёҳоро бунёд ё таъмир кардааст.
- Иттиҳоди ҷомеаҳо ва ҳамкории фаросарҳадӣ
-
Ғайр аз тақвият додани таъмини воситаҳои фаросарҳадии маишат, СБМ низ ба муколамаи байни ҷомеаҳои Тоҷикистону Афғонистон, ки қад-қади сарҳад зиндагӣ мекунанд, мусоидат менамояд. Ин амал аз тариқи мубодилаи фаросарҳадии гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва пешвоёни ҷомеаҳо сурат мегирад, ки масъалаҳои умумӣ ва қарорҳои муштараки марбут ба зиндагӣ дар сарҳадро муҳокима мекунанд.
Беш аз 600 нафар дар мубодилаҳои фаросарҳадии фарҳангӣ бо иштироки мусиқинавозону ҳофизон аз Тоҷикистону Афғонистон ширкат варзидаанд. СБМ низ ба мубодилаи фаросарҳадии варзишӣ мусоидат намуда, дар деҳоти дурдасти наздисарҳадии Афғонистон 16 майдони воллейболбозӣ сохтааст, ки дар он ҷо мусобиқаҳои байни ҷавонони тоҷику афғон баргузор шудаанд. Ин чорабиниҳо барои таҳкими эътимод ва муносибатҳои мусбати байни ду ҷониб муҳиманд.
- Эҷоди воситаҳои маишат ва ҷойҳои корӣ
-
Эҷоди воситаҳои алтернативии маишат қисми калидии кори СБМ дар самти таъмини суботи ҷомеаҳо дар Тоҷикистон мебошад ва ҳадафи он ҳамгиро кардани муҳоҷирони баргашта, ки вуруди такрориашон ба кишвари муҳоҷирпазир мамнӯъ аст, фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонон ва дастгирии хонаводаҳое мебошад, ки онҳоро занони танҳо аз оилаҳои муҳоҷирон сарварӣ мекунанд.
СБМ ба аъзои ҷомеаҳои ноҳияҳои ВМКБ ва ноҳияи Хатлон, ки бо Афғонистон ҳамсарҳаданд, барои ифтитоҳи корхонаҳои нав грантҳои ғайринақдиро таъмин кардааст.
Бисёр бизнес-идеяҳое, ки СБМ то замони интиқоли сиёсии ҳукумати Афғонистон дастгирӣ кардааст, барои бизнеси фаросарҳадӣ пешбинӣ шуда, кумак намуданд, ки тиҷорат авҷ гирад, байни ҷомеаҳои тоҷикону афғонҳо муносибатҳо эҷод шаванд ва ангезаҳо барои қочоқи молу маҳсулот коҳиш ёбанд. Барои таъмин намудани суботи ҷомеаҳо, бо ҷомеаҳои Афғонистон фаъолиятҳои фаросарҳадие монанди таълими истеҳсоли маҳсулоти косибӣ, нонпазиву кафшергарӣ ва ҷалби хонандагони афғон ба омӯзиши маҳоратҳои сантехникӣ ва барқкорӣ дар омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии Тоҷикистон амалӣ шудаанд.
Марҳилаи муҳими кори СБМ дар самти реинтегратсияи муҳоҷирони баргашта ба реинтегратсия, хостҳои таъминот бо шуғл ва саломатии рӯҳӣ равона шудааст. Солҳои 2019-2020 СБМ машғулиятҳои барномасозии реинтегратсия дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро ташкил кардааст, ки дар чорчӯбаи он ба муҳоҷирони баргашта ва аъзои ҷомеаҳои осебпазир грантҳо, устодиву роҳнамоӣ ва шаҳодатномаҳои тасдиқкунандаи омӯзиши қаблӣ ва таълими касбӣ-техникӣ дар Марказҳои таълими калонсолон таъмин шуданд.