Хабарҳо
Local

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Дафтари СММ дар ҶТ ва Иттиҳоди Аврупо “16 рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендериро 2020” ро ифтитоҳ намуданд

Душанбе – Имрӯз, дар Рӯзи байналмилалии барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон, Кумитаи кор бо занон ва оила ва Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон якҷоя маъракаи ҷаҳониро таҳти унвони “16 рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендериро” дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд, ки он инчунин “Маъракаи норинҷӣ” низ ном бурда мешавад.

 Дар чорабинӣ масъалаҳои зӯроварии гендерӣ ва фаъолияти дастаҷамъона баҳри решакан кардани он, аз ҷумла, сафарбар намудани ҷавонон, васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешгирии он ва мубориза бо стереотипҳо ва меъёрҳои иҷтимоӣ ва таблиғи роҳҳои мусбии ҳалли мушкилоти хушунати ҷинсӣ тавассути ҷалби мардон ва ҷавонон баррасӣ гардиданд.

Имсол, маъракаи мазкур дар шароити пандемияи КОВИД-19 мегузарад, ки дар давоми он кишварҳо дар саросари ҷаҳон афзоиши ташвишовари паҳншавии хушунати гендериро дар ҳолати паст шудани дастрасӣ ва маблағгузорӣ ба хизматгузориҳо мушоҳида менамоянд. .

Тақрибан яке аз панҷ нафар занон дар саросари ҷаҳон дар соли гузашта зӯровариро аз сар гузаронидааст. Дар Тоҷикистон натиҷаи Тадқиқоти демографӣ ва тандурустӣ аз соли 2017 нишон дод, ки а яке аз ҳар се нафар занон бо зӯроварии ҷинсӣ рӯбарӯ гардидааст.

Хонум Сезин Синаноглу, Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон қайд карданд: "Дар давраи пандемияи КОВИД-19 занонро пандемияи соявии зӯроварии гендери азият медиҳад. Бе афзоиши назарраси амалиёт, захираҳо ва сафарбаркунӣ, хавфи аз даст додани пешравиҳои таи солҳои зиёд ба даст оварда дар ин соҳа метавонанд коста гарданд; даҳсолаҳои пешрафт ва миллионҳо ҳаёт зери хатаранд. Мо бояд хушунатро дар асоси ҷинсият дар мадди аввал гузошта, ҷомеаро дар ин замони душвор барои ҳалли он васеътар ҷалб намоем."

Хонум Ҳилолбӣ Қурбонзода Ҷумъахон, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар сухани ифтитоҳии худ таъкид карданд: "Ҳукумати Тоҷикистон азми қавӣ дорад, ки ба хушунат нисбати занон ва духтарон хотима диҳад ва ба онҳо тамоми имконотро барои пешравӣ ва саҳми арзанда дар равандҳои рушд фароҳам оварад. Мо нақши беназири шарикони рушдро, ки ба Ҳукумат дар ноил шудан ба ҲРУ ва мусоидат ба баробарии ҷинсӣ ва тавонмандсозии занон мусоидат мекунанд, қадрдонӣ менамоем."

Мавзӯи маъракаи соли 2020 "Дунёро норанҷӣ кунед: маблағгузорӣ кунед, амал намоед, пешгирӣ кунед, ҷамъ кунед!" ба инъикос ёфтани амалҳои афзалиятноки ҷаҳонӣ оид ба ҳалли ниёзҳои занон ва духтароне, ки ба хушунати гендери дучор мешаванд ва алахусус дар замони пандемияи COVID-19 шадидтар кардааст, равона карда шудааст.

Барои нишон додани ӯҳдадориҳо, дастгирӣ ва ҳамбастагӣ бо маъракаи глобалӣ, мардуми тамоми ҷаҳон ҷомеаҳои худро бо ранги норинҷӣ равшан мекунанд, зеро ранги норинҷӣ рамзи ояндаи дурахшон ва бидуни зӯровари нисбати занон ва духтарон аст.

Дар Тоҷикистон маъракаи Рӯзи норинҷӣ ҳамасола қайд карда мешавад ва имсол маросимҳои анъанавии бо ранги норинҷӣ нурпош намудани биноҳо аз ҷониби СММ ва Дафтари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо бо дигар биноҳои Душанбе, аз ҷумла Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Сафоратхонаҳои Британияи Кабир, Олмон ва Маркази тиҷории “Созидание”, ҳамроҳ шуда, ба ранги норинҷӣ мунаввар мегарданд, то ба маърака ва ҳамбастагии ҷаҳонӣ барои решакан кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ҳамроҳ шаванд.

"16 рӯзи амал алайҳи зӯроварии гендерӣ" маъракаи байналмилалиест, ки ҳамасола аз 25 ноябр, Рӯзи байналмилалии барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон оғоз мешавад ва то 10 декабр, Рӯзи ҳуқуқи инсон гузаронида мешавад. Ҳамасола Тоҷикистон ба ин маърака бо иштироки чорабиниҳои васеъ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва тағйир додани фаҳмиш нисбати зӯроварии гендерӣ нисбати занон ва духтарон ҳамроҳ мешавад. Маълумоти бештар: https://www.unwomen.org/en/what-we-do/ending-violence-against-women/take-action/16-days-of-activism

 

***

Барои маълумоти муфассал ба Парвиз Бобоев, Таҳлилгар оид ба иттилоот ва адвокатсия, дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ тавассути почтаи электронӣ: parviz.boboev@un.org муроҷиат намоед ва аз сомонаи www.untj.org дидан намоед.