-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Сафари омӯзишӣ ба Албания ба кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи Тоҷикистон дар мубориза бо савдои одамон мусоидат мекунад
Тирана, Албания, 19-23 августи соли 2024 – Дар доираи лоиҳаи USAID «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон», Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон сафари омӯзишӣ барои ҳайати Тоҷикистон ба Албанияро ташкил кард. Ин ташаббус ба омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаи муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла муайян кардани қурбониёни савдо, ҳифзи онҳо ва бозравонӣ равона карда шудааст.
Лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон» иштироки ҳафт намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Хадамоти гумрук, Кумитаи назорати маводи нашъаовар, инчунин се намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон ва дастгирии қурбониёни савдои одамон фаъолият мекунанд, дар сафари омӯзишӣ ба Албания дастгирӣ намуд. Ду корманди лоиҳаи СБМ гурӯҳро ҳангоми сафарашон ба Албания ҳамроҳӣ карданд.
Барномаи омехтаи таълимӣ ва экскурсионӣ, инчунин ҳамкории шахсӣ бо ҳамкорони албанӣ ба иштирокчиёни тоҷик имкон дод, ки бо таҷрибаи муваффақи Механизми миллии бозравонии Албания шинос шаванд, ташаббусҳо ва хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъитиро барои қурбониёни савдои одамон бубинанд ва сохтори онҳоро, муайян кардани қурбониёни савдои одамон, ҳифз ва реинтегратсияро муҳокима кунанд. Илова бар ин, иштирокчиён имконият доштанд, ки ба идораи полис ва якчанд паноҳгоҳ барои қурбониёни савдои одамон ташриф оваранд, то моделҳои муайянкунӣ, ҳифз, барқарорсозӣ ва реинтегратсияро дар амал бубинанд ва ба мутахассисон ва амалгарони албанӣ саволҳо диҳанд.
Сафар иштирокчиёнро бо донишҳои мушаххас, муваффақ ва самаранок дар бораи ҳамоҳангсозии мубориза бо савдои одамон, ҳифзи қурбониён, механизми бозравонӣ ва хизматрасониҳо барои қурбониёни савдои одамон таъмин намуд, ки онҳо метавонанд дар Тоҷикистон татбиқ кунанд. Ғайр аз ин, иштирокчиён ба зудӣ ба таҳияи Нақшаи миллии нави амали Тоҷикистон оид ба муқовимат ба савдои одамон шурӯъ мекунанд ва метавонанд донишҳои бадастомада ва таҷрибаи пешқадами Албанияро низ ба назар гиранд.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан тамос гиред: nshekhova@iom.int;