Хабарҳо
Local

Вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо роҳбари нави Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутенко Виктор доир гардид.

27 августи соли 2024 вохӯрии Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо роҳбари нави Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутенко Виктор доир гардид.


Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла идоракунии раванди муҳоҷират, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, шуѓли аҳолӣ ва бокортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта ибрози андеша намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашудаи муштарак дар ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳияи санадҳои меёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳоҷират, омодасозии ҳисоботҳои кишвар оид ба иҷрои тавсияҳои СММ нисбат ба Конвенсияи СММ оид ба ҳифзи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, ҳадафҳои Созишномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам, Шартномаи глобалӣ оид ба муҳоҷират ва иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023, №309 қабул гардидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд.


Роҳбари нави СБМ омодагии худро ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар самти диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, ҷамъоварии омори муҳоҷират ва идоракунии махзани маълумот, ташкили курсҳои забономӯзӣ ва асосҳои идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳлили маҷмуи қонунгузории амалкунанда дар соҳаи муҳоҷират ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъерии амалкунанда, ки равандҳои муҳоҷиратро танзим мекунанд, ҷалби диаспораҳо дар рушди кишвар, корбарӣ бо сомонаи www.kor.tj барои ҷойҳои кории холӣ, гузаронидани пурсиш дар байни муҳоҷирони ба Ватан баргашта, ки барои татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба танзими раванди муҳоҷират то соли 2040 барои солҳои 2023–2025 ва таҳияи нақшаи 3 солаи оянда мусоидат менамояд, баён дошт.

Дар фарҷом, ҷонибҳо ҳамкориҳои минбаъдаи худро дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ва чорабиниҳои пешбинишудаи Харитаи роҳ, ки аз ҷониби Вазорат ва СБМ тасдиқ шудаст, ба мақсад мувофиқ ҳисобиданд.