-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон (КОСММГ) ва СБМ ҳамкориро барои дастгирии гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон тақвият медиҳанд
6 сентябри соли 2024 роҳбарони КОСММГ ва СБМ Тоҷикистон ба Маркази таълимии “Ориёно” дар Ваҳдат, ки дар он ҷо теъдоди зиёди гурезаҳои афғон зиндагӣ мекунанд, ташриф оварданд. Мақсади асосии ин сафар баррасии хизматрасониҳои таълимӣ ба гурезаҳои афғон ва муҳокимаи чорабиниҳои оянда бо роҳбарияти марказ буд. Илова бар ин, ҳангоми боздид КОСММГ ва СБМ Созишномаи мубодилаи маълумотро тамдид карданд, ки ӯҳдадории онҳоро барои кӯшишҳои муштарак дар дастгирии гурезаҳо ва гурӯҳҳои осебпазир тақвият медиҳад.
Ҳангоми боздид Виктор Лутенко, роҳбари намояндагии СБМ, аҳамияти ҳамкориро таъкид намуда, қайд намуд, ки "Кори муштараки СБМ - КОСММГ мураккабии вазъиятро дар маҳал инъикос намуда, ба ниёзҳои ҷомеаҳои афғон ва тоҷик ҷавобгӯ мебошад. Тавассути ҳамкорӣ мо метавонем самаранокӣ ва таъсирбахшии кори худро ба авҷи аъло расонем."
Ҳамчунин, Иван Салеев, роҳбари Намояндагии миллии КОСММГ, нақши муҳими ин шарикиро таъкид намуда, илова намуд, ки "Ин тамдиди Созишномаи мубодилаи маълумот барои таъмини он, ки гурезаҳо ва дигар гурӯҳҳои осебпазир дар Тоҷикистон дастгирии заруриро гиранд, ҳаётан муҳим аст."
Ин ҳамкорӣ байни КОСММГ ва СБМ имконияти онҳоро барои таъмини ҳифз ва хизматрасониҳои асосӣ ба гурезаҳои афғон тақвият медиҳад, то ки кӯмаки самараноктар ва ҳамоҳангшударо таъмин намоянд. Ҳар ду ташкилот ба беҳтар кардани ҳаёти гурезаҳо ва кӯмак ба онҳо дар ҳамгироӣ ба ҷомеаи тоҷик содиқ мемонанд.
Дар тӯли 40 соли охир Тоҷикистон бо сарҳади тақрибан 1,344 км бо Афғонистон - дарозтарин дар Осиёи Марказӣ - аз бесуботӣ дар кишвари ҳамсоя таъсири амиқ гирифтааст. То 30 июни соли 2024 Тоҷикистон макони зисти зиёда аз 10,000 гуреза ва паноҳҷӯ гаштааст, ки 78% аҳолии гурезаҳои кишвар дар Ваҳдат зиндагӣ мекунанд ва шаҳрро ба маркази асосии кӯмак ва ҳамгироии гурезаҳо табдил медиҳанд, ки аҳамияти шаҳрро дар кӯмаки башардӯстонаи доимӣ нишон медиҳад. ИКОСММГ дар Тоҷикистон бо дастгирии васеи шарикӣ ба раванди ғайритабъизии додани паноҳгоҳ, фарогирии иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли устувор мусоидат мекунад.
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан тамос гиред: nshekhova@iom.int