Хабарҳо
Local

Аз коргарони мавсимӣ дар Британияи Кабир то соҳибкорони муваффақ дар Тоҷикистон: Сафари оилаи Норовҳо.

Муаллиф – Элизабет Линклейтер, менеҷери минтақавии лоиҳа ва ҳамоҳангсози барномаҳои СБМ Тоҷикистон

Масчоҳи нав як деҳаи хурдест, ки ду соат дуртар аз шаҳри Хуҷанд дар шимоли Тоҷикистон воқеъ аст. Ин минтақа ба хушксолии сахт дучор мешавад, ки ҳарорат дар моҳҳои тобистон аксар вақт то ба 40 дараҷа гармӣ мерасад.

Исматулло мисли аксари сокинони Масчоҳи нав оби равон надорад ва барои таъмини рӯзгори хонаводааш асосан ба кишоварзӣ такя мекунад. "Дар фасли тобистон хеле душвор аст - мо аз сабаби гармӣ танҳо чизҳои маҳдудро парвариш карда метавонем".

Исматулло ва писарони амакаш, Фахриддин ва Иқбол барои пешбурди рӯзгор ба Федератсияи Россия сафар мекарданд, бахусус дар моҳҳои гарме, ки ҳосил паст аст. Соли гузашта ҳарду амакбача қарор карданд, ки ба Британияи Кабир ҳамчун як қисми нақшаи коргарони мавсимӣ сафар кунанд ва дар як фермаи минтақаи Кентербери шаш моҳ кор кунанд. Ин кори вазнини ҷисмонӣ буд, аммо онҳо тавонистанд дар давоми шаш моҳи дар Британияи Кабир кор карданашон, маблағи қофӣ захира кунанд. Ин ба онҳо имкон дод, ки маблағҳои интиқолиашонро дар хоҷагии хурди худ бо мақсади беҳтар кардани истеҳсолот ва ҳосили зироат сармоягузорӣ кунанд.

Исматулло дар хотир дорад, ки ду амакбачааш ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон дар барномаи омӯзиши саводнокии молиявӣ ва сармоягузории СБМ иштирок намуда, роҳнамоии муҳим гирифта буданд. "Онҳо бояд нақшаи бизнес таҳия мекарданд - мо бошад аллакай доштем! - ва ман дар ёд дорам, ки мо дар бораи тиҷорати коркарди чормағзи заминӣ сӯҳбат карда будем”.

Ин яке аз нақшаҳои дар ҳолатҳои фавқулодда буда, ҳангоми паст будани ҳосил аз ин нақшаҳо истифода мебурданд, зеро онҳо беист кор мекарданд, ки ҳосили чормағзи заминии худро барои фурӯш дар бозор тоза ва коркард намоянд. Техникаи онҳо куҳна ва бесамар буда, аксар вақт ба пӯсти чормағзи заминӣ, ҳамчун бори пурқимматашон, зарар мерасонд, ки ин имкониятҳои даромади онҳоро хеле кам мекард. "Мо онҳоро ба нархи баланд фурӯхта наметавонем, вақте ки онҳо чунинанд."

Тасвири 1: Исматулло вазъи бади истеҳсоли чормағзи заминиро пеш аз гирифтани мошини нав нишон медиҳад – пӯстҳо шикаста ва осеб дидаанд, сангчаҳо ё чӯбҳои зиёд дар маҳсулоти ниҳоӣ ҳастанд. Акс: Элизабет Линклейтер / СБМ

 

Барномаи омӯзиши саводнокии молиявӣ ва сармоягузории СБМ ба муҳоҷироне нигаронида шудааст, ки аз кори мавсимӣ дар Британияи Кабир ба Тоҷикистон бармегарданд. Аз оғози соли 2024 160 муҳоҷирон ва ҳамсарони онҳо дар саросари Тоҷикистон дар рафиши барномаи омӯзишӣ омӯзонида шудаанд, ки аз курсҳои пуршиддати серӯза баҳра гирифтанд.

Иштирокчиён бо коршиноси бизнес-инкубатсияи СБМ омӯзиши як ба як гирифтанд, ки ин барои таҳияи нақшаҳои дарозмуддати устувор барои фароҳам овардани стартапҳо мусоидат намудааст. Пас аз он, ҳайати комиссияи интихобӣ аз 160 нафар иштирокчиён 12 нафарро интихоб карданд ва ба соҳибкороне, ки ғояҳои устувортарини соҳибкорӣ доштанд, дастгирии молиявӣ (дар шакли грантҳо) пешниҳод намуданд.

Ин грантҳо аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатари коргарони мавсимӣ аз Осиёи Марказӣ ба Британияи Кабир» маблағгузорӣ карда шудаанд. СБМ имконият пайдо кард, ки  ба дувоздаҳ соҳибкори нав дар оғоз ва пешбурди тиҷораташон тамоми таҷҳизотҳои заруриро харидорӣ намояд. Аз 12 соҳибкоре, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ грантҳоро гирифтаанд, ҳамагӣ ҳашт грантгиранда дар 5 моҳ фоида ба даст оварданд, аз ҷумла Исматулло. Ба туфайли муваффақияти нақшаи озмоишӣ, СБМ ба 500 муҳоҷири бозгашта ва аъзои оилаи онҳо дар барномаи омӯзиши саводнокии молиявӣ ва сармоягузорӣ дастгирӣ хоҳад кард. Дар маҷмӯъ имсол 13 гранти иловагӣ дастрас хоҳад шуд.

Яке аз таҳиягарони тиҷорат бо интихоби гирандагони грантҳои мувофиқ ба нақшаи бизнеси Исматулло ва иқтидори дарозмуддати он мутаассир шуда тасмим гирифт, ки барои харидани як мошини коркарди чормағзи заминӣ грант пешниҳод кунад. Ин барои Исматулло як имконияти аҷоиб буда, тиҷорати ӯро ба муваффақият пеш бурд.

Тасвири 2: Исматулло як халтаи маҳсулоти ниҳоиро намоиш медиҳад - чормағзи коркардшуда барои фурӯш ба хориҷа фиристодан Аксҳо: Элизабет Линклейтер / СБМ

Ҳамин, ки дастгоҳ дастрас шуд, оила корро оғоз намуд. Мошини коркарди замонавӣ ба онҳо имкон дод, ки ҳосили чормағзи худро ба стандартҳои баландтарин мувофиқ гардонда, баъдан ба фурӯши маҳсулоти худ дар саросари ҷаҳон оғоз кунанд.

Онҳо аллакай фоидаи худро ба даст оварда истодаанд. «Мо метавонем дар як соат тақрибан 500-600 кило коркард намоем ва иқтидори коркарди миёна дар як шабонарӯз 5-6 соатро ташкил медиҳад. Мо чормағзи коркардшударо бо нархи тақрибан 16,5 сомонӣ (1,55 доллар) барои як кило мефурӯшем ва ба нархи 7 сомонӣ мехарем. Бо назардошти хароҷоти қувваи барқ, борпечкунӣ ва боркашонӣ — аз ҳар кило қариб 6-7 сомонӣ фоида ба даст овардан мумкин аст. Пӯстҳои беҳударо низ бо нархи 30 сомонӣ барои як халта мефурӯшем».

Сарфи назар аз гирифтани мошини нави худ дар охири моҳи март, онҳо тавонистанд ба таври экспоненсиалӣ рушд кунанд ва ба бозори маҳаллии худ таъсир расонанд. Масчоҳи нав деҳаи хурдакак аст, ки дар он ҷо одамон якдигарро мешиносанд. Ҷараёни тиҷорати муштараки Исматулло аз ибтидои хоксорона чӣ гуна рушд кардааст ва чӣ гуна сифати маҳсулоти истеҳсолкардаашон беҳтар шудааст, дигар соҳибкоронро рӯҳбаланд мекунад.

Бо афзоиши фоида, Исматулло пай бурд, ки таъсири васеътар дар ҷомеаи ӯ пайдо мешавад. Бисёриҳо инчунин аъзоёни оилаҳое буданд, ки дар Британияи Кабир дар доираи нақшаи коргарони мавсимии Британияи Кабир кор мекарданд. Барои онҳо чӣ тавр аз маблағҳои интиқолии худ истифода бурда як чизи шабеҳро ба даст овардан хеле ҷолиб буд.

Вақте, ки аъзоёни ҷомеа ва дӯстон ба онҳо муроҷиат карданд, онҳо чӣ маслиҳат доданд? "Мо фаҳмидем, ки нақшаи бизнес ва ҳадаф хеле муҳим аст. Мо инчунин фаҳмидем, ки шумо бояд даромад ва хароҷоти худро идора кунед - омода бошед, ки барои пул кор кардан каме пул сарф кунед. Хароҷоти нақлиёти мо барои берун аз Тоҷикистон фиристодани маҳсулотамон хеле гарон аст, вале мо онро бо нархи гаронтар мефурӯшем. Ҳамчунин кӯшиш кунед ва аз ҳама чиз пул кор кунед. Мо пӯстҳои кӯҳнаи чормағзро ҳамчун хӯроки чорво мефурӯшем, бинобар ин ҳеҷ чиз зоеъ намешавад».

Ҳоло бисёриҳо дар ҷомеа мехоҳанд, ки ба онҳо пайравӣ кунанд ва СБМ таваҷҷӯҳи бештар ба давраҳои омӯзишии саводнокии молиявӣ  ин минтақаро мушоҳида кардааст.

Элизабет Линклейтер, менеҷери минтақавии лоиҳа ва ҳамоҳангсози барномаҳои СБМ Тоҷикистон мефаҳмонад: «СБМ бо «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони  меҳнатӣ» (PDOC) дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон барои дастгирии муҳоҷирони эҳтимолӣ ва бозгашта, ки дар доираи нақшаи коргарони мавсимии Британияи Кабир кор мекунанд, зич ҳамкорӣ мекунад. Фикру мулоҳизаҳои баҳрабардороне, ки мо аз PDOC дар ин минтақа мегирем, дархости афзоянда барои ҷаласаҳои бештари саводнокии молиявӣ мебошад, бахусус тамаркуз ба сармоягузорӣ ба интиқоли маблағҳо ва идоракунии даромадҳо ҳам дар Британияи Кабир ва ҳам ҳангоми бозгашт ба Тоҷикистон.”

Камол Окилӣ, директори PDOC дар ин минтақа, ки сабти номи муҳоҷирони эҳтимолӣ ва бозгашт аз Британияи Кабирро ба ӯҳда дорад, дар бораи он, ки чаро таваҷҷуҳ бахусус дар минтақаи ӯ афзоиш ёфтааст, тасаввуроте дорад. «Ин аз он сабаб аст, ки онҳо [дигар муҳоҷирони эҳтимолӣ дар ҷомеа] таъсири мусбати ҳамсоягони худро мебинанд ва мехоҳанд маълумоти бештар гиранд. Вақте ки муҳоҷирон омада, дар ин тренингҳо ширкат мекунанд ва ба дастовардҳо ноил мешаванд, ин барои дигарон дар чунин тренингҳо намунаи ибрат аст  ва онҳо илҳом мегиранд”.

Тасвири 3: Исматулло мефаҳмонад, ки ягон қисми чормағз зоеъ нашудааст. Ҳатто пӯстҳои кӯҳнаи чормағзи заминӣ ҳамчун хӯроки чорво истифода шуда истодааст. Акс: Элизабет Линклейтер / СБМ

Фахриддин ва Ицбол акнун барои мавсими нави кишоварзӣ ба Британияи Кабир  баргаштанд ва Исматулло дар Тоҷикистон боқӣ гузоштаанд, то ин, ки ӯ тиҷоратро пеш барад. Онҳо маблағҳои интиқолии худро бо мақсади васеъ кардани тиҷорат пас аз бозгашт сарфа мекунанд ва умедворанд, ки онҳо метавонанд баъзе кормандонро барои кор дар бастабандӣ ва ҳамлу нақл киро намоянд.

Ҳикояи оила шаҳодати таъсири омӯзишҳои саводнокии молиявӣ ва паҳнкунии грантҳо мебошад, ки бо дастгирии мақсадноки соҳибкорӣ ва омӯзиши на танҳо барои хонаводаҳои инфиродӣ, балки барои ҷамоатҳои васеъ мебошад. Муваффақияти тиҷорати онҳо ба дигарон дар ҷомеаи худ таъсир мерасонад, то маблағҳои интиқолии худро аз Британияи Кабир ва инчунин дигар кишварҳои таъинот ба тиҷорати хурд ва стартапҳо устувор сармоягузорӣ кунанд ва таваҷҷӯҳи онҳоро ба саводнокии молиявӣ ба вуҷуд меорад.

Саёҳат идома дорад, ба ин ҷомеаи хурд имконияти соҳибкор шудан ва мероси худро воқеӣ гузарондан медиҳад.