-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Тақвияти қобилиятҳои роҳбарии ҷавонони Тоҷикистон дар мубориза бо савдои одамон
Ромит, Тоҷикистон, 16 августи соли 2024 - Дар доираи лоиҳаи USAID оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат бо савдои одамон, СБМ якҷоя бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш лагери тобистонаи ҷавононро ҳамчун як қисми кӯшишҳои фаъол барои мубориза бо савдои одамон, ҳифзи ҷомеаҳои осебпазир ва пешбурди муҳоҷирати бехатар ташкил намуданд. Ин чорабинӣ, ки дар доираи маъракаи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо савдои одамон (WDATIP) ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҷавонон баргузор шуд, 43 роҳбари ҷомеаи ҷавононро барои муҳокима ва фикрронӣ оид ба муҳоҷирати бехатар ва роҳҳои пешгирии савдои одамон ҷамъ овард.
Лагери тобистона ба тақвияти қобилиятҳои роҳбарии роҳбарони ҷавони ҷомеаҳо равона шуда буд, то онҳо дар гузаронидани сессияҳои иттилоотӣ дар дохили ҷомеаҳои худ, махсусан миёни ҷавонони осебпазир аз минтақаҳои деҳот, дар бораи муҳоҷирати бехатар ва хатарҳои савдои одамон нақши муҳим бозанд. Ин чорабинӣ инчунин бо мавзӯи умумии маърака: «Ҳеҷ як кӯдакро дар мубориза бо савдои одамон танҳо нагузоред» мувофиқ карда шуд.
Барномаи панҷрӯзаи таълимии лагери тобистона сессияҳои интерактивии омӯзиширо дар бар мегирифт, ки пас аз он машқҳои амалӣ гузаронида мешуданд. Мутахассисон аз Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Омбудсмени ҳуқуқи инсон сессияҳои назариявиро гузарониданд. Сессияҳои амалӣ ба иштирокчиён имкон доданд, ки донишҳои бадастовардаи худро тавассути бозиҳои нақшофарӣ, кори гурӯҳӣ, баҳсҳо ва муҳокимаҳо татбиқ кунанд.
«Садоқати Тоҷикистон ба мубориза бо савдои одамон ва тақвияти қобилиятҳои роҳбарии ҷавонон шоистаи таҳсин аст. Бо кӯшишҳои муштарак мо метавонем муҳити бехатарро эҷод кунем ва таъмин намоем, ки ҳеҷ як кӯдак дар мубориза бо савдои одамон танҳо намонад», - гуфт роҳбари миссияи СБМ дар Тоҷикистон, ҷаноби Виктор Лутенко, ки дар лагери тобистона иштирок дошт.