-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон омӯзишро оид ба истифода ва хизматрасонии системаҳои нави обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена гузаронид.
Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ - Тоҷикистон - 11 ва 12 январ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ барои ҳайати кормандони муассисаҳои тиббӣ тренингҳо оид ба истифода ва хизматрасонии системаҳои нави обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена (ОСГ) гузаронида шуд.
Дар тренинг ҳамчунин намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи “РАСОНИДАНИ КУМАКИ БАШАРДӮСТОНА БА ШАҲРВАНДОНИ АЗ БУҲРОН ТАЪСИРПАЗИРУФТАИ АФҒОНИСТОН, КИ ДАР ПОКИСТОН, ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОН ПАНОҲ БУРДААНД”, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Италия амалӣ карда шуданд.
Ҳадафи лоиҳа аз дастгирии шаҳрвандони Афғонистон берун аз Афғонистон ва ҷомеаҳои мизбони онҳо дар қонеъ кардани ниёзҳои башардӯстонаи онҳо ва дарёфти роҳҳои ҳалли устувор барои муҳоҷирон мебошад.
Дар доираи ин лоиҳа, СБМ дар Тоҷикистон бо Гурӯҳи кишварии СММ ҷиҳати таъмини пайванди дуруст бо Нақшаи вокуниш ба ниёзҳо/талаботҳои гурезаҳо дар соли 2022 (НВГ) ва бо мақомоти миллӣ ва маҳаллии Тоҷикистон, ки дар татбиқи НВГ иштирок доранд, ҳамкорӣ мекунад, аз қабили: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз ҷумла, СБМ фаъолияти худро вобастба ба обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена бо ЮНИСЕФ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бо кумитаҳои деҳот дар минтақаҳои мавриди ҳадаф буда, ҳамоҳанг месозад.
*****
Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан тамос гиред: nshekhova@iom.int; (+992)900177377