-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Шуъбаи СБМ Тоҷикистон оид ба ҳифзи тандурустии муҳоҷирон тавассути таъмин намудани хидматрасониҳои ҳассоси тандурустӣ ба муҳоҷирон, эҷод кардани шабакаҳо байни кишварҳои ирсолкунанда ва қабулкунанда, густариш додани равишҳои байнимуассисавӣ бо мақсади фароҳам овардани хидматрасониҳои муфид, дастрас ва одилонаи тиббӣ барои муҳоҷирон ва аҳолии дар ҳоли ҳаракат ба тандурустии муҳоҷирон мусоидат менамояд. Шуъбаи СБМ Тоҷикистон оид ба ҳифзи тандурустии муҳоҷирон пешгирии бемориҳои сироятиро дар миёни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо дастгирӣ кардааст, донишро дар бораи ниёзмандиҳо дар самти тандурустии рӯҳӣ ва маъюбият дар миёни муҳоҷирони баргаштаи тоҷик вусъат бахшидааст, сохтори мудирияти тандурустӣ, сарҳад ва таҳаррукро (HBMM – Health, Border and Mobility Management) татбиқ кардааст, зарфияти шарикони миллӣ ва созмонҳои ғайридавлатиро барои мавриди дастрасии умум қарор додани хидматрасониҳои тиббӣ ба ҳам муҳоҷирони тоҷик ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон тақвият додааст.
- Тақвият додани тандурустии муҳоҷирон ва кумак ба онҳо
-
Аз соли 2005 инҷониб, СБМ Тоҷикистон барои тақвият додани тандурустии муҳоҷирон дар ҳамкорӣ бо шарикони ҳукуматӣ монанди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин чанд муассисаи СММ ва созмонҳои байналмилалие монанди Барномаи рушди СММ, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНАМО/БПНМ (ЮНЭЙДС), Хазинаи нуфуси СММ, СММ-Занон, Бунёди салтанатии Ҳолланд барои мубориза бо бемории сил (KNCV Tuberculosis Foundation), Лоиҳаи HOPE, Марказҳои ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо бисёр лоиҳаҳоро амалӣ кардааст. Лоиҳаҳои муштараки муассисаҳои СММ бо дастгирии молиявии Хазинаи глобалии мубориза бо БПНМ, сил ва табларза амалӣ шудаанд.
СБМ Тоҷикистон низ як қатор таҳқиқотро оид ба вазъи саломатӣ ва эҳтиёҷоти шаҳрвандони хориҷӣ (муҳоҷирон) дар Тоҷикистон ва дониш, муносибатҳо ва амалкардҳои муҳоҷирони тоҷик ва оилаҳои онҳо дар мавриди бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, ВНМО ва сил анҷом медиҳад. Чунин таҳқиқотҳо дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам байналмилалӣ монанди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Маркази глобалии таҳқиқоти тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ (GHRCCA – Global Health Research Center of Central Asia), Донишкадаи Фаронса барои таҳқиқоти Осиёи Марказӣ (IFEAC) амалӣ мешаванд.
Сафарбарсозии ҷомеа ва тақвиятдиҳии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кори тақвият додани тандурустии муҳоҷирон нақши калидӣ дорад ва СБМ Тоҷикистон зарфияти 30 созмони ғайридавлатиро дар самти пешгирии бемориҳои ба воситаи алоқаи ҷинсӣ сирояткунанда, ВНМО ва сил дар миёни муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо баланд бардоштааст. Илова бар ин, СБМ рӯи вусъат додани имкониятҳо ва баланд бардоштани зарфияти диаспораҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия кор мебарад ва омӯзиши ҳамсол ба ҳамсолро дар миёни муҳоҷирони баргашта бо мақсади ташвиқ намудани кӯшишҳо ба рафтори тарзи ҳаёти солимро дастгирӣ менамояд.
- Арзёбии вазъи тандурустии муҳоҷирон ва кумаки тиббӣ ҳангоми сафар
-
Арзёбии вазъи тандурустии муҳоҷирон яке аз беҳтарин хидматрасониҳои таъсисёфтаи мудирияти муҳоҷират мебошад, ки СБМ пешниҳод менамояд. Бо дархости ҳукуматҳои кишвари қабулкунанда, СБМ арзёбии вазъи саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии муҳоҷиронро пеш аз сафар бо мақсади кӯчдиҳӣ, бокортаъминкунӣ берун аз кишвар, иштирок дар барномаҳои мушаххаси кумак ба муҳоҷирон ё дарёфти раводиди муваққатӣ ё доимӣ таъмин менамояд. Муҳоҷирати ғайрирасмӣ ба Федератсияи Россия, низоми мураккаби Россия барои арзёбии вазъи саломатӣ ва эътироф нашудани шаҳодатномаҳои тиббии Тоҷикистон чунин маънӣ дорад, ки шумораи ками муҳоҷирони меҳнатии тоҷик пеш аз муҳоҷират ба Федератсияи Россия аз арзёбиҳои тиббӣ мегузаранд.
СБМ Тоҷикистон зарурати арзёбии вазъи саломатии муҳоҷиронро пеш аз сафар байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия тарғиб менамояд то муайянсозии бармаҳал ва муолиҷаи беморие, ки барои тандурустии инфиродӣ ва ҷамъиятӣ хатарнок аст, сафари бехатар ва пешгирии пайомадҳои манфӣ барои саломатӣ ҳангоми сафар ё вуруд ба ҷомеаҳои мизбон таъмин шавад. Ғайр аз ин, чунин арзёбиҳо барои ҳифзи саломатии ҳам муҳоҷирон ва ҳам ҷомеаҳои мизбон хидмат мекунанд ва тақозои интизорравандаро ба хидматрасониҳои дохилии тиббӣ ва иҷтимоӣ коҳиш медиҳанд.
- Саломатии рӯҳӣ, вокуниши равонӣ-иҷтимоӣ ва муоширати байнифарҳангӣ
-
Дар чорчӯбаи фаъолиятҳои СБМ Тоҷикистон, барномаи ҳифзи тандурустии рӯҳӣ аллакай бо самти мавзӯии “Ҳифзи муҳоҷирон ва кумак ба онҳо” ҳамгиро карда шудааст. СБМ барои онҳое, ки дар низоми ҳифзи қурбониён кор мекунанд, тренингҳо, такмили ихтисос ва маводҳои иттилоотиро таҳия намудааст то таъмин шавад, ки қурбониёни савдои одамон ба хидматрасониҳову кумаки огоҳӣ аз осеб, ба синну сол муносиб ва аз нигоҳи ҷинсиву фарҳангӣ ҳассос бо таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии ҳифзи тандурустии рӯҳӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ дастрасӣ доранд. Барои маълумоти бештар, лутфан ба саҳифаи мавзӯии “Ҳифзи муҳоҷирон ва расонидани кумак ба онҳо” дар ин ҷо нигаред.
СБМ Тоҷикистон нахустин лоиҳаро дар кишвар барои вусъат додани дониш оид ба тандурустии рӯҳӣ ва паҳншудагии маъюбият дар миёни муҳоҷирони баргашта амалӣ менамояд. Агар муҳоҷират бехатар, муназзам ва хуб идорашуданӣ набошад, муҳоҷирон метавонанд бо чунин хавфҳое монанди монеаҳо дар роҳи ҳамгирошавӣ, зӯроварии равониву ҷисмонӣ ва истисмор, бегонаҳаросӣ ва нажодгароӣ, беҳдошти ноқиси меҳнат ва техникаи бехатарӣ мубтало шаванд.
Барои маълумоти бештар дар бораи барномарезии глобалии СБМ оид ба ҳифзи тандурустии рӯҳӣ ва равонӣ-иҷтимоӣ, лутфан ба ин ҷо нигаред.
- Кумаки таъҷилии тиббӣ
-
Чорчӯбаи СБМ оид ба мудирияти тандурустӣ, сарҳад ва таҳаррук (Health, Border and Mobility Management (HBMM) Framework) нақш ва ҳадафҳои стратегии СБМ-ро дар самти пешгирӣ, ошкорсозии бемориҳои сироятӣ ва вокуниш ба онҳо дар контексти таҳарруки васеъмиқёс ва бисёрсамтии одамон муайян менамояд. Он сохтори амалҳоеро таъмин менамояд, ки СБМ бояд дар робита бо мудирияти тандурустӣ, сарҳад ва таҳаррук анҷом диҳад ва барои кишварҳои узв ва шарикони СБМ ҳамчун маълумотномае хидмат менамояд, ки нақш ва саҳми созмонро дар ин соҳаи кор бифаҳманд.
Дар чорчӯбаи ин сохтор ва дар партави пандемияи КОВИД-19, СБМ Тоҷикистон нахустин лоиҳаи минтақавии ҳифзи тандурустиро дар сарҳад «Беҳсозии мудирияти тандурустӣ ва сарҳад дар вокуниш ба КОВИД-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ» сарварӣ менамояд, ки аз ҷониби Маркази ИМА оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (US Center for Disease Control and Prevention – CDC) дастгирӣ мешавад. Гурӯҳи бисёрсоҳавии ҳифзи тандурустӣ дар сарҳад таъсис ёфтааст, ки арзёбии эҳтиёҷотро дар таъмин намудани амнияти тандурустӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадии саросари кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом дода, ба СБМ имкон фароҳам овардааст, ки зарфияти кормандони мақомоти марзбонӣ ва тандурустӣ тақвият дода шавад, инфрасохтори санитарӣ такмил ёбад ва тартиботи стандартии амалиётӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ таҳия шаванд.
Барои дарёфти маълумоти бештар, лутфан бо мутахассиси бахши муҳоҷират ва тандурустии СБМ Тоҷикистон, Рухшона Қурбонова (rqurbonova@iom.int) тамос гиред.