-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУҲОҶИРОН 2022 ДАР ТОҶИКИСТОН Мизи мудаввар оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам ва реинтегратсия
19 ДЕКАБР,2022с, ДУШАНБЕ - Ҳамасола 18 декабр дар ҷаҳон Рӯзи уммумиҷаҳонии муҳоҷирон қайд карда мешавад, то саҳми муҳоҷиронро дар кишварҳои пайдоиш, транзитӣ ва дар кишварҳои мизбон эътироф шавад ва ҳамзамон ба мушкилоте, ки муҳоҷирон аксаран рӯ ба рӯ мешаванд, ёдрас гардад.
Ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳоҷирон дар Тоҷикистон СБМ, Агентии муҳоҷирати СММ дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, СММ - Занҳо ва ФАО ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи <“Равандҳои муҳоҷират: тамоюлҳо, чолишҳо ва дурнамо”- ро ташкил намуданд.
Мизи мудаввар дар нимаи аввали худ аҳамияти қоидаҳои муҳоҷиратро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатар, ботартиб ва мунтазами муҳоҷират баррасӣ намуд; нимаи дуюм ба баррасии мушкилоте, ки муҳоҷирон ҳангоми бозгашт ба ватан рӯбарӯ мешаванд, инчунин имкониятҳо ва таҷрибаҳои пешқадам барои ҳамгироии муҳоҷирони бозгашта бахшида шуда буд.
Дар доираи лоиҳаи Фонди Боварии Бисёршарикии Муҳоҷират (MPTF) ЮНИСЕФ таҳлили вазъиятеро, ки дар ду ноҳияи вилояти Хатлон, Дӯстӣ ва Кӯлоб оид ба вазъи равониву иҷтимоӣ ва иқтисодии занон ва кӯдакон аз оилаҳои муҳоҷирон ва мавҷудияти хадамоти дастгирии ҷомеа дар асоси тамаркузи махсус ба хизматрасониҳои равонӣ, эмотсионалӣ, тиббӣ, зиндагӣ, маориф ва иҷтимоӣ гузаронида шуда буд, пешниҳод намуд.
Александр Майер, номзади PhD дар Донишгоҳи Колумбия дар Ню-Йорк ва мушовири СБМ, тадқиқоти доктории худро дар бораи агентии муҳоҷирон ва иқтидори рушди муҳоҷират муаррифӣ кард: “Ҷаҳон Рӯзи уммумиҷаҳонии муҳоҷиронро барои эътирофи саҳми муҳими муҳоҷирон қайд мекунад. Тадқиқоти ман бар он асос ёфтааст, ки худи муҳоҷирон аз эҳтиёҷот ва мушкилоте, ки онҳо бо онҳ рӯ ба рӯ мешаванд, огоҳ ҳастанд ва дурнамои онҳо бояд сиёсат ва таҷрибаи муҳоҷиратро роҳнамоӣ ва огоҳ созад”.
Дар мизи мудаввар аҳамияти муҳоҷират дар татбиқи Рӯзномаи 2030 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор таъкид гардид. Муҳоҷирон манбаи шукуфоӣ ва навоварӣ ба кишварҳои пайдоиш ва транзитӣ ва дар кишварҳои мизбон мебошанд. Саҳми молиявии онҳо тавассути интиқоли маблағ як роҳи наҷоти оилаҳо мебошад ва нақши онҳо дар бозори меҳнат бебаҳо боқӣ мемонад. Дониш, шабака ва малакаи онҳо ба рушди ҷомеаҳои устувор мусоидат кард.
Пурзӯр намудани саҳми муҳоҷирон ба тараққиёт ҷидду ҷаҳди коллективиро талаб мекунад. Шартномаи глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, ботартиб ва мунтазам (GCM) имконият ва роҳнаморо барои амалисозии ҳаракати одамон ва истифодаи имкониятҳои пешниҳодкардаи он равона карда шудааст.
Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Рӯзи уммумиҷаҳонии муҳоҷирон дар Тоҷикистон, лутфан тамос гиред:
nshekhova@iom.int; +992 900 177 377