-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳои худ Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Чин беш аз 4000 км сарҳади муштарак дорад.
Бо вазъи бесуботи амниятӣ дар марзи Афғонистон, масъалаҳои савдои фаросарҳадии одамон ва маводи мухаддир, робитаҳои мураккаб бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаи фавқулодда деҳнишин, ҷудомонда ва кӯҳистонӣ, хеле муҳим аст, ки марзҳои Тоҷикистон хуб идора шаванд.
Соли 2002 намояндагии СБМ дар Тоҷикистон ба фаъолиятҳои худ дар самти мудирияти сарҳад ҳусни оғоз бахшид ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро дар такмил додани баробарии гендерӣ, муколамаи фаросарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя, муосирсозӣ, амният ва инфрасохтори сабзи сарҳад ва такмили ихтисоси кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бомуваффақият дастгирӣ намуд.
- Такмили ихтисоси кормандони Қӯшунҳои сарҳадӣ
-
Аз соли 2006 инҷониб, СБМ лоиҳаҳои такмили ихтисосро барои мардону занони корманди Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон амалӣ кардааст. Ин лоиҳаҳо сохтмони чанд маркази таълимӣ барои марзбонон ва ҷорисозии барномаҳои таълимии СБМ “Мудирияти маҷмӯии сарҳад” ва “Мудирияти башардӯстонаи сарҳад”-ро дар бар гирифтаанд, ки ба барномаҳои асосии таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ворид шудаанд. Дар робита бо бемории ҳамагири КОВИД-19, омӯзиш барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар чорчӯбаи низоми таълимии СБМ оид ба мудирияти тандурустӣ, сарҳад ва таҳаррук (Health, Border and Mobility Management – HBMM) низ барои пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба бемориҳои сироятӣ дар контексти таҳарруки васеъ паҳншуда ва бисёрсамтии инсон таъмин шудааст.
- Такмилдиҳии инфрасохтори амнияти сарҳад ва кумаки техникӣ
-
СБМ Тоҷикистон дар такмил додани инфрасохтори амнияти сарҳад ва расонидани кумаки техникӣ ба андешидани тадбирҳои муҳим идома медиҳад. Инфрасохтори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва посгоҳҳои гумрукӣ ҳам аз нигоҳи таъмин намудани шароитҳову инфрасохтори муносиб барои кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва муҳоҷирони убуркунанда ва ҳам аз нигоҳи бунёди низоми сабзи инфрасохтор ва таъсиси системаҳои энергияи таҷдидшаванда – монанди низоми гибридии энергияи офтоб дар посгоҳи гумрукии Қизил Арт ва насби хатҳои обрасонӣ дар чанд гузаргоҳи сарҳадӣ такмил ёфтааст. СБМ низ шабакаву таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои алоқаро дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ навсозӣ мекунад.
- Ҷорисозии ҷанбаҳои гендерӣ
-
Дар ҳамоҳангсозӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, СБМ рӯи ҷорисозии ҷанбаҳои гендерӣ дар сиёсати мудирияти сарҳад, омӯзишҳое, ки ба кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон таъмин мешавад ва бо мақсади афзоиш додани бакоргирии кормандзанон ва пешбурди занон ба вазифаҳои баландтар кор кардааст. Бо дастгирии СБМ, Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои муваффақ шудан ба тақсимоти бештар баробари мардону занони корманд ислоҳоти системавиро анҷом дод. Барои маълумоти бештар дар бораи кори СБМ Тоҷикистон дар самти ҷорисозии ҷанбаҳои гендерӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, лутфан видеои иттилоотии моро ба забони англисӣ дар ин ҷо ва ба забони тоҷикӣ дар ин ҷо тамошо кунед.