Хабарҳо
Global

СБМ Тоҷикистон тавонмандиҳои ҳифзи саломатии сарҳадро афзоиш медиҳад

Душанбе, Тоҷикистон – Сарҳадҳои кишвар ҳамчун дарвоза барои тиҷорати байналмилалии молҳо, ҳаракати фаромарзии одамон, сиёсати байналмилалии давлатӣ, амният ва тавре ки дар давраи пандемияи COVID-19 маълум гардид, саломатии аҳолӣ хизмат мекунанд. Дар як кишвари бидуни баромад ба баҳр, ба мисли Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Чин ҳамсарҳад аст, идоракунии самараноки хатарҳои саломатӣ бо ҳаракати одамон дар дар тӯли  4000 километр аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Муносибати байни саломатӣ ва сарҳад муҳим аст, зеро он бевосита ба раванди муҳоҷират ва некӯаҳволии ҳам муҳоҷирон ва ҳам ҷомеаҳои мизбон таъсир мерасонад. Интиқоли одамон аз сарҳад ба саломатии аҳолӣ таъсир мерасонад, зеро шахсони алоҳида дар ҳаракат ва ҷомеаҳое, ки онҳоро қабул мекунанд, дар дохили ин сарҳадҳо ва берун аз он ҳамкорӣ мекунанд. Бо дарки нақши муҳими сарҳад дар некӯаҳволии миллии Тоҷикистон, СБМ як қатор омӯзишҳои фарогирро оид ба идоракунии сарҳад ва тандурустӣ барои ниҳодҳои давлатӣ, ки дар ин фазоҳо кор мекунанд, оғоз кард.   

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) – Оҷонсии  Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 даври машқҳои 2-рӯзаи руи-мизӣ  дар мавзӯи «Сарҳад ва саломатӣ» барои намояндагони ҳашт сохторхои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузаронид. Ин машқҳои руи-мизӣ рӯзҳои 11-12, 18-19, 25-26 июни соли 2024 дар доираи лоиҳаҳои дарозмуддати СБМ Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бюрои Ҳукумати ИМА оид ба мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи ҳуқуқ (INL) ва  Ҳукумати Канада (IRCC) маблағгузорӣ мешаванд, баргузор гардид.

Модули омӯзишии СБМ оид ба “Сарҳад ва саломатӣ” малакаҳои кормандони гузаргоххои сархадиро тибқи тавсияҳои байналмилалии амнияти саломатӣ такмил медиҳад.  Машқҳои рӯи мизии гузаронида шуда мавзуъои пешгирӣ, ошкор ва назорати бемориҳои сироятӣ, паҳнкунии иттилоот ва такмил додани имкониятҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаро дар бар мегирифт . Чунин омузишхои руи-мизӣ ба стандартҳо ва қарорҳои байналмилалӣ мусоидат мекунанд ва ба баланд бардоштани амнияти глобалии саломатӣ ва идоракунии хатарҳои саломатӣ дар сарҳад нигаронида шудаанд:

  • Қоидаҳои Байналмилалии Тандурустӣ (ҚБТ)  2005 : Тақвияти тавонмандиҳои миллӣ барои ошкор, арзёбӣ ва вокуниш ба хатарҳои саломатии ҷамъиятӣ дар гузаргоххои сархадӣ.
  • Рӯзномаи глобалии амнияти саломатӣ (РГАС)  : Тақвияти кӯшишҳо барои пешгирӣ, ошкор ва вокуниш ба таҳдидҳои бемориҳои сироятӣ.

Баланд бардоштани омодагии кормандони соҳаи тиб ва  ғайритиббӣ вазифаи аввалиндараҷаи амнияти миллӣ мебошад. Андешидани тадбирҳои самараноки пешгирикунанда ва зидди эпидемиявӣ барои пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хусусан онҳое, ки боиси ҳолатҳои фавқулоддаи санитарӣ мегарданд, таваҷухи зиёд  дода мешавад. Пандемияи COVID-19 масъалаҳои муҳимро дар ташкили чораҳои зидди эпидемиологӣ дар нуқтаҳои гузаргоххои сархадӣ ва риояи ҚБТ  байни кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Тандурусти (СҶТ) , аз ҷумла Тоҷикистон, мушкилоти ҷиддиро нишон дод. Омодагии чидди дар ҳама сатҳҳо, аз гузаргоҳҳои сарҳадӣ то сатҳи миллӣ барои таъмини амнияти санитарии давлатӣ муҳим аст.

«Ҷолиби диққат аст, ки ин тренинг аз машғулиятҳои қаблие, ки мо дар он иштирок карда будем, хеле фарқ мекард. Нокофии намоёни омодагӣ барои коҳиш додани интиқоли дохилии COVID-19 мушкилоти афзояндаи пешгӯии паҳншавии босуръати бемориҳои сироятиро нишон медиҳад.Тренинг коршиносонро аз сохторҳои гуногун даъват намуда, зарурати ҳатмӣ барои ҳамоҳангсозии рафти кор барои ҳалли самараноки бӯҳронҳои санитарию эпидемиологии фавқулодда таъкид намуд.», - мегӯяд намояндаи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

СБМ кушиш ба харч менамояд то дар давоми солҳои 2025 ва 2026 фаъолиятҳои эҷоди тавонмандиро барои шарикони худ дар мавзӯъҳои сарҳад ва тандурустӣ идома дихад.

Барои маълумоти иловагӣ лутфан ба Хусрав Раҷабов krajabov@iom.int ва Парвиз Мелибаев pmelibaev@iom.int  муроҷиат намоед.