-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Бастани лоиҳаи тавонмандгардонии «Оилаҳои ақибмонда» дар Тоҷикистон: Сафари пешрафт ва ташаббусҳои оянда
3 ноябри соли 2023, Душанбе – Муҳоҷирони меҳнатӣ ҳам ба иқтисодиёти давлати қабулкунанда ва ҳам ба давлати аслӣ саҳми назаррас меоранд. Интиқоли пулҳои шахсии муҳоҷирони меҳнатӣ ба беш аз сеяки Маҷмаи маҳсулоти дохилии (ММД) Тоҷикистон баробар аст. Дар соли 2022 интиқоли пул тақрибан 51%-и ММД-ро ташкил карда буд. Муҳоҷирон як ҷузъи ҷудонашавандаи Тоҷикистон мебошанд. 40 дарсади хонаводаҳои тоҷик дар хориҷа кор мекунанд. Пулҳое, ки муҳоҷирон мефиристанд, як манбаи муҳими даромад барои бисёре аз хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст. Барои бисёр оилаҳо ин манбаи асосии даромад аст.
Аксари муҳоҷирони тоҷикро мардон ташкил медиҳанд. Агар муҳоҷир тасмими дар хориҷа маскун шуданро интихоб намояд ва пас аз он интиқоли пулро қатъ намояд, ин вазъият ҳамсару фарзандони онро ба ҳолати хеле осебпазир мегузорад. Бисёре аз занон дар Тоҷикистон, ки ҳамсаронашон дигар ба онҳо кумаки молиявӣ намерасонанд, дар вазъи сангин қарор доранд. Маҳдуд будани маълумот ва надоштани малакаҳои касбӣ ба онҳо мушкилоти ба даст овардани маблағ ва таъминоти молиявии фарзандонро меоранд.
Дар ҳамин замина, занон дар Тоҷикистон метавонанд дар шароите қарор гиранд, ки дар ҳолати набудани шавҳарони муҳоҷирашон ба дӯши худ масъулияти пешбурди хонавода ва таъмини фарзандони худро гиранд. Ин нақш, гарчанде ба барқароршавӣ ноил мешуда бошад ҳам, бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ меояд, аз ҷумла мушкилоти иқтисодӣ, дастрасии маҳдуд ба хидматрасониҳои асосӣ ва маҳдудияти иҷтимоӣ.
Бо эътирофи муборизаҳои беназире, ки ин оилаҳо рӯ ба рӯ мешаванд, Оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ), аз ҷумла Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ), Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Созмони Занони СММ ба амалӣ сохтани лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои мондашудаи муҳоҷирон барои беҳтар намудани натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон, Тоҷикистон” шурӯъ намуданд. Ҳадафи ин ташаббус бо ҳалли мушкилоти гуногунҷанбаи занон ва кӯдаконе, ки дар натиҷаи муҳоҷират пас мондаанд ва бо гузаронидани ҷаласаи ниҳоии Кумитаи роҳбарӣ ба анҷом расид.
Чорабинии ниҳоӣ ва ҷамъбасти Кумитаи роҳбарикунанда: Таҷлили дастовардҳо ва оғози нав
Ҷаласаи ниҳоии Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳа оид ба “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои мондашудаи муҳоҷирон барои беҳтар намудани натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон, Тоҷикистон” баҳрабарандагонро аз Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ, шарикони татбиқкунандаи лоиҳаро Ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шариконро аз мақомотҳои давлатии маҳаллӣ ва намояндагони манфиатдори давлатиро барои андешаронӣ дар бораи чӣ гуна корҳое, ки то имрӯз анҷом дода шудаанд ва кадом корҳоро боз бояд иҷро кард, ҷамъ овард. Ин чорабинӣ шаҳодати қудрати ҳамкорӣ ва потенсиали тағӣироти мусбӣ дар ҳаёти ҷомеаҳои осебпазир буд.
Бозёфтҳо ва мубоҳисаҳои калидие, ки дар ин чорабинӣ ба миён омадаанд, ба таъсири лоиҳа ва сабақҳои гирифташуда, барои ташаббусҳои оянда, равшанӣ меандозанд:
- Дар равиши вохӯрӣ ба кӯшишҳои муштараки Оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳар яки онҳо таҷрибаи беназири худро дар сари миз пешкаш намуданд, баҳои баланд дода шуд. Ҳамбастагии равишҳо ва захираҳои онҳо боиси вокуниши ҳамаҷониба ба мушкилоти мураккаби ин оилаҳо расонд. Натиҷаҳои мусбати ин равиши муштарак арзиши вокуниши бисёрҷанбаро оид ба масъалаҳои марбути муҳоҷират таъкид карданд.
- Нақшаи чорабиниҳо оид ба идомаи кор: Зарурати таҳияи Нақшаи амал барои идома додани ин кори муҳим берун аз доираи лоиҳа, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ шудааст. Ӯҳдадориҳо оид ба дастгирӣ ва васеъ намудани ин ташаббусҳо аз ӯҳдадории ҳамаи шарикони ҷалбшуда шаҳодат медиҳад, ки барои оилаҳое, ки дар Тоҷикистон боқӣ мемонанд, ояндаи умедбахшро мекушояд.
- Зарурати гузоштани мӯҳлатҳои дарозмуддат: Иштирокчиён эътироф карданд, ки марҳилаи навбатии ин лоиҳа бояд чаҳорчӯбаи вақти зиёдтарро дар бар гирад, то ин ки фаъолиятҳо бо эҳтиёт, дақиқ ва таваҷҷӯҳ ба тафсилот анҷом дода шаванд. Мӯҳлатҳои дарозмуддат имкон медиҳанд, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои оилаҳои мондашудаи муҳоҷирон равиши амиқтар ва ҳамаҷониба пайдо шаванд.
Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ: Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои мондашудаи муҳоҷирон - «Агар ба шахс моҳӣ диҳед - Шумо ба ӯ хӯроки як рӯза медиҳед; Агар ба шахс моҳидориро омӯзонед - ба ӯ хӯроки як умра медиҳед».
Дар сухани ҷамъбастии худ Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман дархост намуд, ки лоиҳаи аз ҷониби MMPTF маблағгузоршуда, дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон бо нишондиҳандаҳои баланди муҳоҷирати меҳнатӣ давом дода шавад. Муовини вазири меҳнат омодагии худро барои пешниҳоди маълумот дар бораи ин минтақаҳо изҳор намуд ва аз дастгирии Созмони Милали Муттаҳид барои густариши ин кори муҳим истиқбол кард.
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ахтари бахт” ба таври дуруст ҷамъбаст кард: “Ман ҳамеша бо занони худ ин истиораро истифода мебарам: - “Мо метавонистем ба Шумо танҳо моҳӣ бидиҳем, аммо ин лоиҳа ба Шумо асои моҳидориро дода, ба Шумо моҳидорриро ёд додааст. Ҳамин тавр, Шумо ба тамоми уқёнус дастрасӣ доред ва метавонед моҳиро худатон сайд кунед". Равиши ҳамаҷонибаи лоиҳа воқеан ба ин оилаҳо қувват бахшид, ки ояндаи худро ба ӯҳда гиранд.
Анҷом ёфтани лоиҳаи “Васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои оилаҳои мондашудаи муҳоҷирон барои беҳтар намудани натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон, Тоҷикистон” як марҳилаи муҳим дар талошҳои дастаҷамъӣ барои васеъ намудани имкониятҳои занон ва фарзандони мондашудаи муҳоҷирон мебошад. Дар равиши ин чорабинӣ ба ҳамагон дастовардҳои лоиҳа ва аҳамияти муносибати муштарак ва байниидоравӣ дар ҳалли масъалаҳои мураккаби ин оилаҳо нишон дода шуданд.
Дар ҳоле, ки мо ба пеш ҳаракат мекунем, васеъ намудани доираи дастгирӣ ва хидматрасонӣ, то ин, ки оилаҳои мондашудаи муҳоҷирон бо асбобҳо, захираҳо ва имкониятҳо барои дастрасӣ ба уқёнуси азими имкониятҳо таъмин карда шаванд, дар ниҳояти кор зиндагиашонро беҳтар намоянд, устувориро дар дохили ҷамоатҳо бардошта тавонанд.
Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Фонди трастҳои бисёршарикии муҳоҷират (MMPTF) имконпазир гардид.