Осиёи Марказӣ дар ҷаҳон яке аз минтақаҳое мебошад, ки аз маблағҳои интиқолӣ бештар вобаста аст. Тӯли ду даҳсолаи охир, дар Тоҷикистон хуруҷи бузургмиқёси муҳоҷирати меҳнатӣ мушоҳида шуда, тақрибан даҳяк ҳиссаи аҳолии Тоҷикистон берун аз кишвар кор мекунад. Аксарияти онҳо барои ҷустуҷӯи кор ба Федератсияи Россия мераванд (мувофиқи арзёбиҳои ҷорӣ, соли 2021 тақрибан 1.6 миллион тоҷик барои кор ба Россия муҳоҷират кардааст).

Муҳоҷирати меҳнатӣ стратегияи асосии дарёфти воситаҳои маишат барои аксари хонаводаҳо ва ҷомеаҳои Тоҷикистон буда, тақрибан сеяк ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад, ки аз маблағҳои интиқолии муҳоҷирон бармеояд (Бонки ҷаҳонӣ, 2020). Соли 2021, хонаводаҳо дар Тоҷикистон, ки берун аз кишвар ҳадди ақал як муҳоҷири меҳнатӣ доранд, 44 дарсадро ташкил додаанд ва даромад аз маблағҳои интиқолӣ ба хонаводаҳо то 18 дарсад афзудааст. Вале таҷовузи низомии Россия ба Украина 1.5 миллион муҳоҷири меҳнатии тоҷикро дар Федератсияи Россия таҳти хавфи бекорӣ мегузорад ва мувофиқи арзёбиҳо, ба тақрибан 2 дарсад коҳиш ёфтани иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 ба сабаби коҳиши пешгӯишудаи 40 дарсади маблағҳои интиқолӣ натиҷа хоҳад дод (Бонки ҷаҳонӣ, 2022).

СБМ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла таҳияи сиёсат, фаъолиятҳои такмили ихтисос, таҳқиқот ва фаъолиятҳои дигаре кумак мерасонад, ки ҳадафи онҳо ҳадди аксар манфиат бардоштан аз муҳоҷират мебошад.

Ҳамкорӣ бо диаспораҳо

Мутобиқи Ҳадафи 19-уми Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷират, СБМ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамкорӣ бо диаспораҳои тоҷикон, ки аксарияти онҳо дар Федератсияи Россия қарор доранд, дастгирӣ кардааст. СБМ тренингҳо дар мавзӯи ҷалби диаспораҳо, машқҳои харитасозии диаспораҳои тоҷикон ва кумаки техникиро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳия намудани Ёддошти консептуалӣ ва Нақшаи амали ҷалби диаспораҳои тоҷикон ба рушди Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 таъмин кардааст.

Оилаҳои таркшуда

Аксарияти ғолиби муҳоҷирони меҳнатие, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд, мардҳоянд ва аз ин пайомад бисёр занону кӯдакон дар ҷомеаҳои асли худ танҳо боқӣ мемонанд. Оилаҳои таркшуда таҳти хавфи зиёди тарки мактаб қарор мегиранд, иштироки нерӯи корӣ ё худихтиёрии занонро коҳиш медиҳанд, ба тандурустии рӯҳиву ҷисмонӣ таъсир мегузоранд, ки аз ҷумлаи бисёр мушкилоти дигаранд.

Барои бартараф кардани ин хавфҳо, СБМ Тоҷикистон ба занону кӯдакон аз оилаҳои ирсолкунандаи муҳоҷир кумаки ройгони ҳуқуқиву равонӣ мерасонад ва доираи хидматрасониҳоеро такмил медиҳад, ки ба онҳо пешниҳод мешаванд. Фаъолиятҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ низ барои шарикони (ғайри)давлатӣ ва аҳли ҷомеа бо дарназардошти зарурате амалӣ мешаванд, ки кӯдакон аз оилаҳои ирсолкунандаи муҳоҷир дар таҳсили мактабӣ бимонанд.

Мудирияти муҳоҷирати меҳнатӣ

СБМ Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳия кардани ҳам Ёддошти консуптуалӣ ва ҳам Нақшаи амали ҷалби диаспораҳои тоҷик дар рушди Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 дастгирӣ менамояд. Ғайр аз ин, Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии СБМ воридсозии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатиро ба Стратегияи муҳоҷирати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути таъмин намудани кумаки техникӣ ва такмил додани зарфияти Гурӯҳи кории байниидоравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи Стратегияи муҳоҷират дастгирӣ кардааст. СБМ Ҳукуматро низ дар татбиқ кардани абзори “Нишондиҳандаҳои мудирияти муҳоҷират” барои арзёбӣ кардани маҷмӯияти сиёсатҳои муҳоҷирати худ ва дар муайян намудани холигоҳҳо ва соҳаҳое, ки метавон такмил дод, бомуваффақият дастгирӣ кардааст.

Таҳқиқот

Бо мақсади арзёбӣ кардани таъсири таконҳои берунӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз Осиёи Марказӣ, масалан ҷанг дар Украина, СБМ Тоҷикистон якҷо бо дафтарҳои СБМ дар Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон арзёбии хуруҷи муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақа ва чӣ гуна таъсир доштани таконҳои беруниро анҷом хоҳанд дод. Барои маълумоти бештар, лутфан бо Гулнора Камолова (gkamalova@iom.int) тамос гиред.

Реинтегратсия дар бозори меҳнат

Бо мақсади таъмин намудани фарогирӣ ва реинтегратсияи комили муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки ба Тоҷикистон бармегарданд, СБМ ҳамгиро кардани онҳоро ба бозори нерӯи корӣ дастгирӣ менамояд. Барои иҷрои ин амал, СБМ барномаҳои такмили ихтисос ва омӯзиш, таълим ва дастгирии соҳибкорӣ, хидматрасониҳо барои мутобиқсозии маҳоратҳо бо шуғлҳои корӣ, таълими ҳамгиросозии молиявӣ бо дастгирии Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирӣ кардани тавсеаи корхонаҳои хурду миёнаро анҷом медиҳад. Ғайр аз ин, Шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳоҷирони меҳнатии баргашта бо дастгирии равонӣ-иҷтимоӣ кумак мерасонад то эҳтиёҷоти тандурустии равонии муҳоҷирони баргаштаро қонеъ намояд.

Илова бар ин, бо мақсади ҳамгиросозии гурезагони афғон дар Тоҷикистон СБМ пойгоҳи иттилоотиро барои грантҳои бокортаъминкунӣ ва бизнесҳои маҳаллӣ эҷод менамояд.

Роҳнамоии пеш аз сафар ва шабакаҳои бокортаъминкунӣ

СБМ Тоҷикистон такмили ихтисос ва омӯзишро ба агентиҳои давлатии бокортаъминкунӣ, ки роҳнамоиҳои пеш аз сафарро дар Тоҷикистон анҷом медиҳанд, таъмин кардааст. Таваҷҷуҳи асосии барномаи таълимӣ ба ҷанбае равона шудааст, ки риояи ҳуқуқи муҳоҷирон таъмин шавад; онҳо масъулиятҳову уҳдадориҳои худро донанд; ва онҳо қодир бошанд, ки ба ҷомеаҳои нави худ маънидору устувор ҳамгиро шаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи муҳоҷирати бехатар, СБМ дар саросари кишвар маъракаҳои иттилоотӣ баргузор кардааст. Ин маъракаҳо беш аз 100,000 шаҳрванди тоҷикро фаро гирифтаанд, ки 30%-и онҳо занон буданд. Илова бар ин, СБМ дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқии муҳоҷират, ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҷанбаҳои ахлоқии бокортаъминкунӣ барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ таҳия кардааст, ки ба таваҷҷуҳи 2 миллион нафар дар Тоҷикистон расидаанд. СБМ низ таҳияи шабакаҳои хусусии бокортаъминкуниро барои мубориза бо хавфҳои хоси муҳоҷирати ғайрирасмӣ дастгирӣ кардааст, чунки ин падидаи васеъ паҳншуда аст.