-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Ҷаласаи муштараки Шӯрои ҷамъиятӣ ва механизми ҳамоҳангсозии миллӣ дар Душанбе баргузор гардид
22 ноябри соли 2023, Душанбе, Тоҷикистон – Ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷират баргузор гардид. Таҳти сарпарастии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ, доираҳои илмӣ ва бахши молиявӣ барои табодули таҷриба ва иттилоот оид ба муҳоҷирати воридотӣ, содиротӣ ва дохилӣ ва омӯзиши тамоюлҳо дар Тоҷикистон ҷамъ омаданд. Таваҷҷуҳи махсус ба роҳандозии шарикии стратегӣ ва ҳамкорӣ бо дигар барномаҳо дар сатҳи миллӣ дода шуд. Яке аз натиҷаҳои асосии ҷаласа – ин раиси Шӯрои ҷамъиятӣ интихоб шудани Иматшо Нодирзода буд.
Дар ҷаласа ҳамчунин муаррифии натиҷаҳои тадқиқоти соли 2023, ки ба мониторинги ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон бахшида шудааст, баргузор гардид. Ин бозёфтҳо барои қабули қарорҳои асоснок ва беҳтар кардани шароит барои муҳоҷирон замина хоҳанд шуд.
Илова бар ин, гузориш оид ба арзёбии платформаҳои огоҳонидани муҳоҷирон пешниҳод карда шуд. Ин ҳуҷҷат ҳамчун асос барои таҳияи стратегияҳои муассири иртибот бо муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони феълӣ, эҳтимолӣ ва онҳое, ки ба ватан баргаштаанд, хидмат хоҳад кард.
Бо истифода аз ин платформа ва ҷамъ омадани ҷонибҳои манфиатдор ва намояндаҳои калидӣ, СБМ аз ин фурсат истифода бурда, вохӯрии Механизми миллии ҳамоҳангсозиро (ММҲ) баргузор намуд. Ин механизм ба ҷонибҳои асосии манфиатдор имкон медиҳад, ки баррасӣ, муайян кардани мушкилот ва таҳияи роҳҳои ҳалли таҳкими сиёсати муҳоҷират ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро дар Тоҷикистон ва берун аз он ба роҳ монанд.
Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаҳои минтақавии «Барномаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи «Ҳимояи муҳоҷирони осебпазир бо таваҷҷуҳи махсус ба тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занҳо дар шароити муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад, гузаронида шуд.
Барои маълумоти иловагӣ: Нилуфар Шехова, nshekhova@iom.int;