-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Шуъбаи мусоидат ба тағйири макон ва кӯчдиҳии амалиётӣ фаъолиятҳои худро тӯли ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон оғоз кардааст то ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя баргардонидани 85,000 гурезаи тоҷик ва 65,000 тоҷики дар дохили кишвар беҷошуда кумак расонад.
Дар ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо, СБМ ба бозгашти беш аз 15,000 гурезаи афғон аз Тоҷикистон ба Афғонистон кумак кардааст ва беш аз 6, 000 гурезаи афғонро ба кишварҳои севум монанди Канада, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари Аврупо кӯч додааст.
Аз соли 2013 инҷониб, аксарияти ғолиби баҳрабардорандагони СБМ ба Канада кӯчидаанд. Пеш аз кӯчдиҳӣ ба Канада, гурезаҳо дар омӯзиши серӯзаи роҳнамоии фарҳангӣ иштирок мекунанд, ки СБМ ташкил менамояд. Ин омӯзиш ба масъалаҳое равона шудааст, ки бо дастрасӣ ба таҳсилот, ҳамгирошавӣ бо бозори меҳнат алоқаманданд ва ба тафовутҳои эҳтимолии фарҳангие дахл доранд, ки ҳамгиросозии онҳоро ба зиндагӣ дар Канада дастгирӣ менамоянд.
- Маркази дархост барои раводиди Канада
-
СБМ Тоҷикистон Маркази дархост барои раводиди Канадаро дар шаҳри Душанбе идора мекунад. Маркази дархост барои раводиди Канада таъминкунандаи истисноии хидматрасониҳо барои Ҳукумати Канада буда, барои қабули дархостҳо ба ҳамаи категорияҳои муваққатии резидентҳо (раводидҳои меҳмонӣ, иҷозатномаҳои таҳсил ва кор) ва дархостҳо барои дарёфти санадҳои сафар аз резидентҳои доимии Канада дар Тоҷикистон ваколатдор аст. Барои маълумоти бештар муфассал дар бораи фаъолияти Маркази дархост барои раводиди Канада, лутфан ба ин ҷо нигаред.