Хабарҳо
Global

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон рӯзи Милали Муттаҳидро ҷашн гирифт

Рӯзҳои 25-28 октябри соли 2023, Душанбе – Ба муносибати 30-умин солгарди ҳузури СММ дар Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) – Агентии Муҳоҷирати Созмони Милали Муттаҳид барои донишҷӯёни макотиби олии шаҳри Душанбе муаррифӣ баргузор гардид.

Тоҷикистон 2 марти соли 1992 ҳамчун давлати мустақил ба Созмони Милали Муттаҳид шомил шуд. Нахустин дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон соли 1993 таъсис ёфтааст. Аз он вақт инҷониб СММ Тоҷикистонро барои ноил шудан ба авлавиятҳои миллии худ дар самтҳои ҳалли низоъҳо, вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунад. Ҳамчун Агентии Муҳоҷирати СММ, СБМ дар Тоҷикистон аз соли 1993 барои пешбурди муҳоҷирати инсондӯстона ва бонизом ба нафъи ҳама тавассути пешниҳоди хадамот ва машварат ба ҳукуматҳо ва муҳоҷирон, мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муҳоҷират ва кӯмак дар ҷустуҷӯи ҳалли амалии мушкилоти муҳоҷират фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Мутахассисони СБМ барои донишҷӯёни факултаҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи байналмилалӣ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон аз фаъолияти СММ ва СБМ дар Тоҷикистон ҷаласаҳои интерактивӣ доир намуданд. Дар ҷаласаҳо мавзӯъҳои шарикии СММ/СБМ ва Тоҷикистон ва санадҳои стратегӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди устувор, Паймони глобалии муҳоҷират ва Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ шуданд. Донишҷӯён дар баррасии мавзуъ фаъолона иштирок намуданд, дар бораи фаъолияти СММ ва СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва кишварҳо саволҳо ба миён гузошта, оид ба муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо хариду фурӯши одамон дониш гирифтанд.

Илова бар ин, намояндаи барномаи ҷавонони СБМ нақшаи ташкилотро оид ба ҷалби ҷавонон дар доираи Стратегияи Созмони Милали Муттаҳид 2030 муаррифӣ намуда, дар бораи имкониятҳо барои ҷавонон дар СБМ дар Тоҷикистон маълумот дод. Дар навбати худ донишҷӯён барои саҳм гузоштан дар ташвиқу тарғиби муҳоҷирати инсондӯстона ва муташаккил дар байни ҷавонон изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Дар анҷоми машғулиятҳо ба донишҷӯёни фаъол туҳфаҳои хурди хотиравӣ ва маводи иттилоотӣ тақдим карда шуд.