-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Сафири Бритониё ба коргарони мавсимии тоҷик дар Британияи Кабир изҳори сипос мекунад
27 ва 28 март, Душанбе, Тоҷикистон – Нақшаи коргарони мавсимӣ дар Британияи Кабир ҳарчи бештар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, асосан аз Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистонро ба кор ҷалб мекунад. Дар Тоҷикистон ширкат дар Барномаи коргарони мавсимӣ афзоиш ёфта, шумораи коргароне, ки барои кор дар соҳаи кишоварзӣ ба Бритониё сафар мекунанд, аз чандсад нафар дар соли 2018 то ҳазорон нафар афзоиш ёфтааст. Аммо ин афзоиши босуръат барои муҳоҷирони тоҷике, ки ба Бритониё мераванд, хатарҳои гуногунро низ ба бор меорад.
Бисёре аз муҳоҷирони эҳтимолӣ дар бораи расмиёти ҷалб, ташкили сафар, мушаххасоти кор, шароити кор ва зиндагӣ, қоидаҳои саломатӣ ва бехатарӣ, масъалаҳои молиявӣ ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо маълумоти муҳим надоранд. Ин ҳолат метавонад онҳоро осебпазир ва зери хатар гузорад, хусусан, агар онҳо дар Британияи Кабир бо мушкилот рӯ ба рӯ шаванд, метавонанд надонанд, ки аз куҷо кӯмак ҷӯянд.