Хабарҳо
Global

СБМ дар Тоҷикистон дарҳои худро барои ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии кӯдакон боз кард

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аҳолии ҷавонтарин ва зудафзоянда дорад, ки тақрибан 30% аҳолии он аз синни 15-сола поён аст. Дар баробари ин сатҳи баланди муҳоҷиратро дар Тоҷикистон ба назар гиред - 44% хонаводаҳо як муҳоҷири корӣ дар хориҷа доранд. Ин ба муттаҳидии оила таъсир мегузорад, чунки бисёре аз кӯдакон дар Тоҷикистон дар ҳолате ба воя мерасанд, ки як ё ҳар ду волидайнашон дар хориҷа кор мекунанд. Бо назардошти ин, кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷирон аз сабаби дур будан аз волидайн метавонанд зери таъсири равониву иҷтимоӣ бошанд, метавонанд мактабро барвақт тарк кунанд то кор кунанд, ё ба хизматрасониҳо дастрасӣ наёбанд ва метавонанд бо табъиз рӯбарӯ шаванд.

Барои таъкид кардани зарурати ба назар гирифтани манфиати кӯдакон дар ҷараёни муҳоҷират, СБМ дар Тоҷикистон дарҳои худро барои кӯдакон барои ҷашн гирифтани Рӯзи байналмилалии кӯдакон 1 июн боз кард. Дар ҷараёни чорабинӣ, волидоне, ки дар СБМ кор мекунанд, кӯдакони худро ба ҷойи кори худ оварданд, корҳои худро фаҳмониданд ва якҷоя таъсири муҳоҷират ба кӯдаконро муҳокима карданд. Кӯдакон инчунин дар фаъолиятҳои гуногун, аз ҷумла фароғат, дарсҳои устодӣ ва викторина дар бораи муҳоҷират ширкат варзиданд. Бо иштироки кӯдакон дар муҳокимаҳо дар бораи муҳоҷират, чорабинӣ мушкилоти кӯдакони тоҷикро, ки бо муҳоҷирати аъзои оилаи худ рӯбарӯ мешаванд, таъкид карда, инчунин нақши кӯдаконро дар ташаккул додани ҷомеаи бештар хушоянд ва дастгирикунанда барои хонаводаҳои дар Тоҷикистон истиқоматдошта муҳокима намуд.

"Гарчанд ки баъзан мо аз падарамон дар бораи кори ӯ ва ташкилоте, ки ӯ дар он кор мекунад, мепурсидем ва каме медонистем, ки онҳо чӣ кор мекунанд, хеле ҷолиб буд, ки ба дафтари кории ӯ ташриф орем ва бубинем, ки ӯ дар асл бо кадом корҳо машғул аст. Ба ташкилкунандагон барои чунин чорабинии олӣ ташаккур! Мо дар дафтаре, ки падари мо кор мекунад, вақтро хеле хуш гузаронидем ва хуб буд, ки бубинем, ки ӯ қисми ташкилоте аст, ки ба одамон (муҳоҷирон) барои пайдо кардани кор кӯмак мерасонад."1