Хабарҳо
Global

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Роҳномаи Харитаи роҳ оид ба рушди захираҳои инсонӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 муаррифи карданд.

25 январи соли 2024, Душанбе, Тоҷикистон. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мизи мудавварро барои муаррифии Харитаи роҳ оид ба рушди захираҳои инсонӣ дар Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 баргузор карданд. Чорабинӣ натиҷаи арзёбии барномаҳои омӯзишии дохилии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва тавонмандиҳои аз ҷониби USAID маблағгузоришаванда мебошад.

Маълумоти навшуда ва систематикӣ дар бораи эҳтиёҷоти ҷории эҳёи иқтидори захираҳои инсонӣ ва афзалиятҳои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ба донорҳо ва ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод карда шуд. Дар бахши аввали чорабинӣ ҷанбаҳои граждании идоракунии сарҳад, хусусан масъалаҳои идоракунии назорат ва нигоҳдории сарҳад баррасӣ гардиданд. Нимаи дуюми чорабинӣ пурра аз ҷониби Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар рафти он ҷанбаҳои тавоноии ҳарбӣ ва мудофиавии ниҳоди мазкур муаррифӣ шуданд (бо сабаби мақоми башардӯстонаи Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират берун аз ваколатҳои он мебошанд).

Пас аз ин рунамоиҳо байни иштирокчиён муҳокимаи судманд сурат гирифт ва мо бесаброна интизорем, ки дастгирии барномаҳои кӯмаки техникии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро ҳамкориро бо онҳо дар идоракунии сарҳад идома диҳем.