Хабарҳо
Global

Истифодаи муҳоҷират барои устувории дастарӣ ба об: Стратегияҳо барои ояндаи устувор

Муаррифии СБМ дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

Душанбе, Тоҷикистон – Минтақаҳои кӯҳӣ ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазиранд. Пешбинӣ шудааст, ки гармшавии умумиҷаҳонӣ ба 1,5ºC ва болотар аз он ба системаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла ақибнишинии пиряхҳо, норасоии об ва аз даст додани гуногунии биологӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин ҳолат нобаробарии қаблан вуҷуддоштаро, махсусан барои онҳое, ки барои зиндагии худ аз боришоти табиӣ вобастаанд, шадидтар мекунад.

Хавфҳои ногаҳонӣ метавонанд боиси кӯчидани одамон шаванд, дар ҳоле ки муҳоҷират, агар хуб идора карда шавад, метавонад як чораи эҳтимолии мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим бошад. Эвакуатсияи банақшагирифташуда аз манотиқи аз офати табиӣ осебдида барои наҷоти одамон аҳамияти ҳалкунанда дорад ва муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрҳо ва хориҷа як стратегияи анъанавии таъмини зиндагӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад. Интиқоли пул ба ММД ва ҳифзи иҷтимоӣ саҳми назаррас дорад. СБМ бар ин назар аст, ки дастгирии ҷонибҳои манфиатдор дар минтақаҳои кӯҳӣ барои ҳалли ин мушкилот ва ба таври муассир истифода кардан аз ҷараёни муҳоҷират дар мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои пешбурди амали об, рафъи камбудиҳои иттилоот ва эҷоди равишҳои муштарак муҳим аст.

Дар партави ин чолишҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои илмӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ ва бисёр намояндагони дигар аз 10-13 июни соли 2024 барои баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал «Об барои устувор» ба шаҳри Душанбе, Тоҷикистон омаданд.

11 июни соли 2024 СБМ як чорабинии иловагиро дар доираи Барномаи Минтақавии Муҳоҷирати Осиё, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад, таҳти унвони «Ҳаракати инсон дар заминаи тағйирёбии иқлим дар манотиқи кӯҳӣ» таҳти роҳбарии Зейнал Ҳоҷиев, ҳамоҳангсози зерминтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон) баргузор намуд. Масъалаи асосие, ки дар ин чорабинӣ муҳокима гашт, Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва ҳаракати одамон дар заминаи тағйири иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ буд.

Дар ин чорабинӣ маърӯзачиён аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Қирғизистон, Кумитаи давлатии танзим ва назорати муҳити зисти Қазоқистон ва мутахассисони Котиботи шарикии кӯҳистонӣ ширкат доштанд. Иштирокчиён таъсири гармшавии умумиҷаҳонӣ ба экосистемаҳои кӯҳӣ, бахусус ақибнишинии пиряхҳо ва афзоиши норасоии об ва таъсири он ба зиндагонии аҳолӣ дар ин минтақаҳо, аз қабили афзоиши нобаробарӣ ва осебпазирии аҳолии вобаста ба боришоти табиӣ барои воситаҳои зиндагии онҳо, баррасӣ шуданд.

Мавзӯи марказӣ ҳаракати хонаводаҳо ва ҷамоатҳо ҳамчун воситаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ бо таваҷҷӯҳ ба зарурат ва хатари эвакуатсияи банақшагирифташуда аз минтақаҳои хатарнок ва аҳамияти ҷалби маблағҳои интиқолшаванда ва диаспораҳо ҳамчун воситаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим буд. Иштирокчиён инчунин ба зарурати талошҳои дастаҷамъона ва беҳтар намудани ҷамъоварии маълумот дар минтақаҳои кӯҳӣ барои таҳияи стратегияҳои муассири мутобиқшавӣ ва идоракунии захираҳои об таъкид карданд.

Ин чорабинӣ коршиносони минтақа ва созмонҳои мухталифи шариконро барои муҳокима кардани ҳаракати инсон дар заминаи тағирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷамъ овард. Чорабинии мазкур ба мушкилоти Осиёи Марказӣ бахшида шуда, баҳсҳои ҷолиб бо саволу ҷавобҳои сершумор сурат гирифт. Муҳимтар аз ҳама, иштирокчиён дар бораи аҳамияти муҳими ба роҳ мондани шарикӣ барои ҳалли мушкилоте, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба миён меоянд, ба мувофиқа омаданд.

Намояндагони кишварҳои гуногун таҷрибаҳои худро оид ба ҳамгироии робитаи байни ҳаракати инсон ва тағйирёбии иқлим ба мутобиқсозии миллии худ ва нақшаҳои амалии мушаххас мубодила карданд. Мушоҳида кардани ӯҳдадориҳои як кишвар оид ба рафъи партовҳои карбон ва чӣ гуна дигарон аз ин равиш омӯхтаистодаанд, махсусан ҷолиб буд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан ба Моҳира Файзуллоева муроҷиат кунед (mfayzulloea@iom.int).