Хабарҳо
Global

“Ҷавонони Тоҷикистон дар мубориза ба савдои одамон нақши асосиро мебозанд”

Ҳар як қурбонии харидуфурӯши одамонро ба оғӯш гиред, касеро бе таваҷҷуҳ нагузоред.

Аз 30 июл то 2 августи соли 2023 СБМ Тоҷикистон лагери тобистонаи ҷавононро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо харидуфурӯши одамон дар ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон бо маблағгузории Вазорати корҳои хориҷии Норвегия ташкил намуд.

Аз ҷамоатҳои деҳоти тамоми Тоҷикистон 20 ҷавон барои ширкат дар лагери чоррӯзаи тобистона интихоб шудаанд, ки дар он ҷо онҳо дар бораи муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо қочоқи инсон омӯзиш гирифтанд. Онҳо ҳамчунин қонунҳои Тоҷикистонро дар бораи мубориза бо қочоқи инсон омӯхта, аз корҳое, ки СБМ Тоҷикистон дар ин мавзӯъҳо анҷом додааст, ошно шуданд.

Дарсҳо назариявӣ буданд, аммо инчунин ҳолатҳои амалӣ ва ҳикояҳои қурбониёнро дар бар мегирифтанд. Дарсҳоро коршиносони соҳа ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ анҷом доданд.
Вале ин танҳо омӯзиш набуд; иштирокчиёни лагер дар бозиҳои гурӯҳӣ низ иштирок намуда, донишҳои гирифтаашонро дар ҳолатҳои амалӣ ва бозиҳои нақшбозӣ истифода мебурданд.

Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён тамоми донишҳои амалӣ ва назариявии худро истифода бурда, наворҳои видеоии ба муҳоҷирати бехатар ва харидуфурӯши одамон, аҳамияти ҳар як қурбонии харидуфурӯши одамонр бахшидашударо пешниҳод намуданд.
Акнун ширкаткунандагон бо истифода аз донишҳои андӯхтаашон дар бораи муҳоҷирати бехатар ва мубориза бо қочоқи инсон дар ҷамоаҳои худ ҷаласаҳои иттилоотӣ мегузаронанд.

Ташкилкунандагон барои дастгирӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Норвегия ва ба мураббиён барои омӯзиши ҷавонони мо дар мубориза бар зидди қочоқи инсон миннатдорӣ баён мекунанд.

Ҳар як қурбонии қочоқи инсон муҳим аст ва ин лагер як қадами дигар дар роҳи бунёди ҷомеаи огоҳ ва масъулиятшинос гардид, ки дар он мо ҳеҷ касро бетаваҷҷуҳ намегузорем.

Барои гирифтани маълумоти бештар лутфан тамос гиред:  nshekhova@iom.int; +992 900 177 377