Хабарҳо
Local

Ҷаласаи Миллии Ҳамоҳангсозӣ оид ба татбиқи лоиҳаи минтақавӣ “Мусоидат ба танзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Миёна”

 

Душанбе,Тоҷикистон – 29-уми ноябри соли 2022 дар Душанбе вохурии механизми ҳамоҳангсозӣ дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба  “Мусоидат ба танзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Миёна” шуда гузашт. Мавзӯи ҷаласаи мазкур ин: шинос шудан,  мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди  маълумот оид ба рӯйдодҳо  ва тамоюлҳо дар соҳаи муҳоҷират, омӯзиши роҳҳо ва пайдо намудани шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ бо дигар барномаҳову иштирокчиён дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ ва омодагӣ ба 1-ум ҷаласаи механизми ҳамоҳангсозӣ, ки 14 декабри дар Алмаато, Қазоқистон баргузор мегардад.

Аз моҳи июни соли 2022 Созмони Байналмилалии Муҳочират (СБМ)  Агентии Созмони Миллали муттаҳид оид ба муҳоҷират ва татбиқи лоиҳаи минтақавии барнома оид ба “Мусоидат ба танзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Миёна” ки  аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, маблағгузорӣ шудааст, баҳри рушди идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои аслӣ ва дар кишварҳои таъинотӣ ҳангоми ҳаракати муҳочирон мусоидат менамояд. 

Ҷаласаи механизми ҳамоҳангсозӣ дар доираи лоиҳаи минтақавӣ оид ба “Мусоидат ба танзимдарории муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Миёна” намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти муҳоҷират, Пажухишгоҳи илмии меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли фҳолӣ, Маркази таълими калонсолон, Агентиҳои шуғли аҳолӣ дар хориҷи кишвар, Бонки Миллии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Агентихои хусусии шуғли аҳолӣ ва Ташкилотҳои ҷамъиятиҳоро ба ҳам овард.

Хонум Шахноза Нодири, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати раиси қайд кард, ки мунтазам муошират ва самарабахши ҳамоҳангсозии асосии ҷонибҳои манфиатдор на дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ мусоидат ба ошкор намудани мушкилоти муҳоҷират ва вокуниш ба онҳо.

Ҳадафи лоиҳа дастгирӣ намудани саъю кӯшиши ҳукуматҳо ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар кишварҳои (Чумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон)  мавриди ҳадаф қарор дошта, ки барои муайян кардани мушкилиҳо ва мунтазам мутобиқсозӣ ва такмили сиёсату равандҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ амал менамоянд. 

Механизми ҳамоҳангсозии миллӣ ҳамчун як платформа барои муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ  ва хизматрасонии роҳбарият дар амалишавии чорабиниҳои лоиҳа таъсис дода шудааст.

Аз рӯи натиҷаи мулоқот намояндагони дар боло зикршудаи  вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва хусусӣ, муассисаҳои бахшҳои хусусӣ ва Ташкилотҳои Ҷамъиятӣ оид ба ҳамкориҳои  коллективӣ ва таҳияи механизми самараноки идоракунии муҳоҷирати меҳнатӣ,  қобилияти мутобиқшавӣ,  тағйирёбии динамикаи  бозори меҳнат ва хубтар ба роҳ мондани  ҳифзи кормандон ҳангоми  бо кортаъминкунӣ ва корҳои кироя изҳори омодагӣ намуданд.


Барои маълумотҳои дақиқ метавонед бо Нилуфар Шехова тамос бигиред:

nshekhova@iom.int; +992 900 177 377