-
Мо кистем
Мо кистемСозмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) ҳамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам ба нафъи ҳама мусоидат менамояд, бо 175 кишвари узв, 8 кишваре, ки мақоми нозирро доранд ва идораҳо дар беш аз 100 кишвари саросари олам, як ҷузъи низоми Созмони Милали Муттаҳид мебошад. СБМ фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз кардааст.
Дар бораи
Дар бораи
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
СБМ дар сатҳи ҷаҳонӣ
-
Кори мо
Кори моҲамчун созмони пешбари байниҳукуматие, ки ба муҳоҷирати инсондӯстона ва муназзам мусоидат менамояд, СБМ дар пуштибонии муваффақ шудан ба Рӯзномаи амал то соли 2030 тавассути соҳаҳои гуногуни мудохилае, ки кумаки башардӯстона ва рушди устуворро бо ҳам мепайвандад, нақши калидӣ мебозад. Дар Тоҷикистон, СБМ ба муҳоҷирон тавассути фаъолиятҳои гуногуни кӯчдиҳӣ, дастгирӣ ва муҳофизат кумак мерасонад.
Мо чӣ кор мекунем
Мо чӣ кор мекунем
- Додаҳо ва захираҳо
- Амал кунед
- Рӯзномаи 2030
Бо ҳам овардани ҷомеаҳо ба воситаи ҷашни муштарак Таҷлили ҷашни Наврӯзи тоҷикон ва афғонҳо
Бохтар, Тоҷикистон – Шаҳрвандони тоҷик ва гурезаҳои афғон дар ҷашни муштараки анъанавии худ: Наврӯз, истиқболи рӯзҳои гарми баҳор ва таҷлил аз Соли нави аҷдодӣ ҷамъ омаданд. СБМ дар ҳамкорӣ бо СММ Занон , Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ФАО ва бо дастгирии Фонди боварии бисёршарикии муҳоҷират ва Иттиҳоди Аврупо кӯшиш кард, ки ҷамоатҳо ва оилаҳоро дар ҷашни Наврӯз, ки шояд худашон аз хона дур бошанд ва ё аъзои оилае, ки бедарак шудаанд, ба ҳам биёранд.
Дар чорабинӣ давоми рӯз омезиши мусиқӣ ва рақси тоҷикӣ ва афғонӣ, намоишномаҳои театрӣ дар бораи анъанаҳои муштараки Наврӯз намоиш дода шуд. Ҷузъи муҳими чорабинӣ омода кардани суманак буд, анъанаи қадима, ки аз омода кардани хамираи ширин аз сабзаи гандуми як ҳафта сабзида иборат аст. Тоҷикҳо ва Афғонҳо дар гирди деги калон зери мусиқии анъанавии ҳар ду фарҳангҳо ҷамъ омаданд, то ки суманакро гардонанд ва муродҳои худро барои соли нав орзу кунанд.
Ҳамчунин майдон барои суолу ҷавоб бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ кушода шуд, то ки хатару талаботи худро дар мавзӯъҳои ҳуқуқи инсон, ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирати бехатар, зӯроварии гендерӣ ва ҳуқуқи заминдорӣ баён кунанд.
Муҳоҷирон ва оилаҳояшон, ки дар сафар ҳастанд, дар тамоми ҷаҳон шояд таҷлили ҷашни анъанавӣ дар хориҷа мушкил бошад; дур аз оила ва дӯстон, аммо ҷашн гирифтани якҷоя бо ҷомеаҳои нав робитаҳои фарҳангиро амиқтар мекунад ва расму оинҳои нави муштаракро ташаккул медиҳад.
«Мо соли навро якҷоя, дур аз Ватан, бо мардуми шарифи Ҷумҳурии Точикистон пешвоз мегирем; ва воқеаи имрӯза умеди моро дубора зинда кард. Мо тавонистем урфу одат ва фарҳанги муштараки худро бо ифтихор ба ин умед бо бародарону хоҳарони тоҷикамон намоиш диҳем, ки рӯзе соли навро дар Афғонистон боз ҷашн гирем. Ташаккур."
Барои маълумоти иловагӣ, лутфан тамос гиред: Элизабет Линклейтер (elinklater@iom.int)