Хабарҳо
Local

700 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон баргаштанд

Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ва Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 700 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд.

Мавҷи сеюми муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, тақрибан 700 нафар, аз ҷумла 41 кӯдакро фаро гирифт. 

Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол ва ироаи ёриҳои башардӯстона ба муҳоҷирони дармонда бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт. 

Дар ҳафтаҳои ахир, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон омада буданд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла кӯдакон ва модаронашон дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд. Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд. 

СБМ дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии иҷтимоии Сана Сезим ба муҳоҷирон об, ғизо, маводи беҳдоштӣ тақсим кард. ЮНИСЕФ Тоҷикистон дар бозгашти кӯдакон ба хонаҳояшон кӯмак расонид. 

Бемории фарогири КОВИД-19 ҳукуматҳоро водор намуд, то ҷиҳати пешгирӣ аз густариши вирус чораҳои зарурӣ андешанд. Ин чораҳо, ҳамчунин, аз маҳдудиятҳои сафар ва ҳаракат ҳам иборат буданд, ки ба ҳама таъсир расониданд, ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди муҳоҷирон гардиданд. 

Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират аз меъёрҳои пешгирӣ аз густариши КОВИД-19 истиқбол мекунад ва ҳамзамон, ба эҳтироми ҳаққи муҳоҷирон ва аҳли хонадони онҳо барои бозгашт таъкид менамояд. СБМ ва ЮНИСЕФ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармонда, аз ҷумла кӯдаконро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

***

Барои маълумоти бештар доир ба бозгашти муҳоҷирон бо СБМ Тоҷикистон тамос бигиред. Шумораи тел.: (+992 48) 701-02-02 / 701-11-22, Имейл: dushanbeinfo@iom.int 

Барои маълумоти бештар доир ба муҳоҷирони дармонда ва ҳимояи онҳо дар даврони Ковид-19 аз ин сафҳа дидан намоед:  https://www.iom.int/Issuebriefs