Хабарҳо
Local

Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамонро қайд кард

Аксбардор: Абдулваҳҳоби Мӯъминҷониён

Аксбардор: Абдулваҳҳоби Мӯъминҷониён

Аксбардор: Абдулваҳҳоби Мӯъминҷониён

Бо баргузории як силсила чорабиниҳои иттилоотӣ барои нахустин бор дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон қайд шуд. Созмони Милал дар соли 2013 30-уми июлро Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон эълон карда буд. 

Имсол, бо ибтикори Шабакаи созмонҳои иҷтимоии ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва муқовимат ба савдои одамон мавсум ба «Умед» дар Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотӣ баргузор гардиданд, ки ҳадафашон огоҳ намудани аҳолӣ аз хатарҳои марбут ба савдои одамон мебошад. Чорабиниҳои мазкур бо мусоидат ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатии кишвар (Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират – Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) баргузор гардиданд. 

Шоми 5-уми август дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд. Ихтиёриён баргаҳои иттилоотӣ бо маълумот доир ба савдои одамон тақсим карданд ва дар мавзӯъи ин хатар суҳбатҳо гузарониданд.

Дар силуэтҳои рамзӣ метавонистед бо қиссаҳои воқеии қурбониёни савдои одамон аз Тоҷикистон шинос шавед. Ин сарнавиштҳо аз кор дар шароити ғуломона дар Русия, истисмори шаҳвонӣ дар Имороти Муттаҳида ва Туркия, ва гадоии иҷборӣ дар Қазоқистон ҳикоят мекарданд. 

Чорабиниҳои иттилоотӣ дар бастагӣ ба ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор гардид. 

Саноат Солиева, раҳбари СҒҲ «Фемида» ва Шабакаи «Умед» гуфт: «Савдои одамон – ғулом сохтани одамон дар шаклҳои замонавӣ мебошад ва ин падида имрӯз ҳамаро, аз ҷумла, ҳукуматҳо, ҷомеаҳо, ва созмонҳои байнулмилалиро нигарон кардааст. Шаклҳои асосии савдои одамон кори иҷборӣ ва истисмори шаҳвонӣ мебошанд. На танҳо марду зан, балки кӯдакон ва пиронсолон низ метавонанд қурбонии гуруҳҳои ҷинояткор ва одамфурӯшон гарданд».