Хабарҳо
Local

Таъсири Салоҳ

Бар иловаи голҳои зиёде, ки муҳоҷими “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ ба дарвозаи рақибон дар Премйер-Лиги Инглистон ва Лигаи қаҳрамонҳо мезанад, бозигари мисрӣ, ҳамчунин, ба дарвозаи таассубу ҷаҳолат низ гол задааст.

Салоҳ дар майдон пас аз голҳояш зуд-зуд ба зону мезанад ва муваффақияташро бо саҷда ба сӯи Кирдугораш таҷлил мекунад. Дар майдон бошад ин ҳарфҳо танинандоз мегардад: “Агар ӯ як голи дигар бизанад, ман ҳам мусалмон мешавам”. 

Як тадқиқоте аз пажӯҳишгарони Донишгоҳи Стэнфорд муайян кардааст, ки таъсири Салоҳ хеле ҳам фаротар аз майдони футболи инглис меравад. Аз бозе, ки дастаи Клопп дар моҳи июни соли 2017 Салоҳро зам кард, ҷиноятҳои мабнӣ бар нафрат дар саросари шоҳигарӣ 18.9% коҳиш ёфтааст ва коҳиши чашмгир ҳам дар Мерсисайд дида мешавад. Омӯзиши 15 миллион твити мухлисони футболи инглис низ нишон додааст, ки ҳаводорони “Ливерпул” 50% твитҳои зиддимусалмонияшонро кам кардаанд. 

Исломбадбинӣ дар ду даҳаи ахир дар Бритониё афзун буд. Олимони Стэнфорд бештар аз 8000 мухлиси Ливерпулро пурсидаанд ва онҳо сабаби коҳиши исломбадбинияшонро ба Салоҳ рабт додаанд, ки онҳоро бо дини худаш шинос мекунад ва  ҳамчун як падари ҳалим, дӯсти қарин, ва бозигари моҳир худро ба ҳайси як намоде муаррифӣ кардаву қолаби “мусалмони хашин”-ро дар зеҳнҳо зудудааст.

Салоҳ намунаи боризи муҳоҷирест, ки фарҳангҳои гуногунро бо ҳам ошно месозад ва дӯстиву рафоқатро ҷойгузини хашму нафрат мекунад. Ӯ танҳо мисоле аз саҳми миллионҳо муҳоҷир дар баҳамоии мардумони гуногун мебошад.

Бо ихтисорҳо аз Гузориши ҷаҳонии муҳоҷират - 2020, Созмони байнулмилалии муҳоҷират

Аксҳо аз саҳифаи расмии Салоҳ дар Фейсбук