Хабарҳо
Global

Тақвияти амнияти сарҳадӣ: Омӯзиши тренерҳо аз ҷониби СБМ оид ба мубориза бо қочоқи муҳоҷирон

22-28 октябри соли 2023, Алмаато, Қазоқистон - Дар шароити душвори Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи муҳоҷирон ва маводи мухаддир аз сарҳади давлатӣ масъалаи муҳим мебошад. Тоҷикистон дар чорроҳаи Осиёи Марказӣ воқеъ буда, бо манзараи печидаи муҳоҷират рӯбарӯ аст, ки на танҳо муҳоҷирати иқтисодӣ, балки ҳаракати оворагони афғонҳоеро, ки аз даргириҳо фирор мекунанд, дар бар мегирад. Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) барои кумак расонидан ба созторхои давлати дар ҳалли ин масхалахо ва таҳкими амнияти сарҳадӣ дар чаҳорчӯбаи «Барномаи фарогирии иқдомот барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя» корхот мушаххас бурда истодааст. Дар доираи ин ташаббус, СБМ лоиҳаи минтақавиро дар бораи "Беҳтар кардани идоракунии муҳоҷират ва дастрасӣ ба хидматрасонӣ барои афғонҳои овора дар Покистон ва Осиёи Марказӣ" амалӣ мекунад, ки аз ҷониби Вазорати муҳоҷират, гурезагон ва шаҳрвандии Канада (IRCC) саховатмандона маблағгузорӣ мешавад.

Муносибати бисёрҷониба

Корбарии СБМ гуногунҷанба буда, ҳадафи он таҳкими идоракунӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба хадамот дар минтақа мебошад. Ин равиш ҳамкорихоро бо мақомотхои миллӣ ва маҳаллӣ барои баланд бардоштани системаҳои муҳоҷират ва тавонмандиҳои институтсионалӣ ва ҳамзамон таҳкими тавонмандиҳои техникии провайдерҳои хидматрасонии маҳаллӣ ва шариконро дар бар мегирад. Дар амалӣ намудани ин ҳадафҳо, СБМ Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Академияи сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон дар таҳияи барномаи омузиши дар мавзуъи «Тақвияти кӯшишҳо дар соҳаи омӯзонидани афсарони сарҳад оид ба мубориза бо қочоқи муҳоҷирон" сахми арзанда гузоштанд.

Ташаббуси таълими тренерон

Дар доираи лоиҳаи мазкур, СБМ Қазоқистон ба ташкили як ҳавзаи коршиносони миллӣ дар соҳаи мубориза бо қочоқи муҳоҷирон мусоидат намуд. Барои пешбурди ин саъй, аз 23 то 27 октябри соли 2023 курси панҷрӯзаи Омӯзиши Тренерҳо (ТОТ) ташкил карда шуд. Дар курс мутахассисони Кушунхои сарҳадии Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ҷамъ омада, ба онҳо дар асоси омӯзиши модули мукаммали «Мубориза бо қочоқи муҳоҷирон дар сарҳади давлатӣ» курси омузиши гузаронида шуд..

Дар рафти чорабинӣ, иштирокчиён имкон пайдо карданд, ки таҷрибаҳои марбут ба ҷанбаҳои педагогии омӯзиши сарҳадбонро мубодила кунанд. Гузашта аз ин, тренинг ба муқовимат ба қочоқи муҳоҷирон, ки ба хусусиятҳои хос дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, аз ҷумла мавқеъҳои ҷуғрофӣ, таҷҳизоти техникии мавҷудбуда ва стратегияҳои мубориза бо убури сарҳад тавассути “минтақаҳои сарҳадии сабз” таҳия шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Қазоқистон, СБМ ба тренерони соҳибихтисос аз Кушунхои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон даъватнома фиристод. Ҳадафҳои аввалиндараҷа ин таъсис додани ҳавзаи тренерон ва пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо барои такмил ва ғанӣ гардонидани маводи таълимӣ буданд.

Иштирок ва ҳамкории фаромиллӣ

Чорабинии «Омӯзиши тренерон» иштироки намояндагони гуногуни миллиро фарохам овард. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ чаҳор устоди варзидаи нерӯҳои марзбонии муассисаҳои таълимии Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Аз Қазоқистон 18 афсари Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилиро сафарбар кард. Ӯзбакистонро чаҳор афсари Хадамоти марзбонии кишвар намояндагӣ карданд. Дар маҷмуъ 26 иштирокчӣ барои таҳкими таҷрибаи худ ва баланд бардоштани амнияти сарҳад ҷамъ омада буданд.

Омӯзиш аз ҷониби ду корманди баландихтисоси Академияи сарҳадии Қазоқистон, дар якчояги бо намояндаи дафтари марказии СБМ дар Женева - ҷаноби Донато Колуччи ва мутахассиси калони аз дафтари минтакавии СБМ дар Виенна - ҷаноби Пиер Росси-Лонги гузаронида шуд.

Баланд бардоштани амнияти сарҳадӣ барои ояндаи беҳтар

Ташаббуси «Омӯзиши тренерон» оид ба мубориза бо қочоқи муҳоҷирон дар таҳкими амнияти сарҳадӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари Осиёи Марказӣ нақши муҳим мебозад. Бо муҷаҳҳаз кардани коршиносони миллӣ бо малака ва дониш барои ҳалли ин масъалаи мураккаб, дахолати СБМ ба амнтар шудани марзҳо, беҳтар намудани ҳимоя ва дастгирии башардӯстона ба афғонҳои оворашуда ва ҷамоатҳои маҳаллӣ дар минтақа мусоидат мекунад.

Лоиҳаи мазкур шаҳодати онро медихад ки кушишхои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ӯҳдадориҳои ҳукуматҳои минтақа барои таъмини амният ва амнияти сарҳадҳо сафарбар карда шудаанд. Чунин ташаббус на танҳо сарҳадҳоро муҳофизат мекунад, балки ба миллатҳо ва ҷомеаҳо қудрат бахшида, ояндаи дурахшонтар ва амнтар барои ҳама фароҳам меорад.