Хабарҳо
Local

Такмил додани саводи молиявии занон дар Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии амонатгузорӣ

Иштирокчиёни фаъол дар рафти чорабинии “Рузи умумиҷаҳонии пасандоз”, ноҳияи Дустӣ

Хатлон – Дар чорчӯбаи лоиҳаи Хазинаи бисёршарикии эътимод (Multi-Partnership Trust Fund) “Вусъат додани ҳуқуқу имкониятҳои оилаҳои таркшуда”, СБМ дар вилояти Хатлон (Тоҷикистон) барои заноне, ки шавҳарҳояшон дар ҷустуҷӯи кор ба хориҷи кишвар муҳоҷират кардаанд, вале баъзеи онҳо ҳаргиз барнамегарданд, ҷиҳати баланд бардоштани саводи молиявии онҳо тренингҳои дурӯза баргузор мекунад. Ин занон, ки шавҳарҳояшон онҳоро тарк кардаанд, гурӯҳи осебпазиру дарканормонда маҳсуб шуда, аз сатҳи пасти устувориву ҷалби иқтисодӣ бархурдоранд ва бештари вақтҳо барои дастрасӣ ба ҳуқуқ ва муҳофизат мубориза мебаранд.

 Барои ҷашн гирифтани Рӯзи умумиҷаҳонии амонатгузорӣ, СБМ Бонки миллии Тоҷикистон ва занон-иштирокчиёни тренингҳои саводи молиявиро ба ҳам овард, ки дар баргузории семинари хотимавӣ оид ба вусъатдиҳии ҳуқуқу имкониятҳо ва саводи молиявии занон ширкат варзанд. Ин семинарҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Дӯстӣ мутаносибан рӯзҳои 26 ва 27 октябри соли 2022 баргузор шуданд.

Семинар чунин ҳадаф дошт: i.) дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ба занон додани маълумот дар бораи “Рӯзи умумиҷаҳонии амонатгузорӣ”, ii.) баргузор кардани озмунҳо бар асоси маълумоте, ки аз тренингҳо оид ба молияи шахсӣ, буҷетсозӣ, даромад, хароҷот (дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат) ва пасандозҳо омӯхтаанд. Сипас, давраи дувуми озмунҳо баргузор шуд, ки таваҷҷуҳи асосии онҳо ба ҳуқуқи инсон, муҳоҷирати бехатар ва расонидани дигар иттилооти дахлдор равона шудаанд.

Натиҷаҳои озмунҳо сатҳи баланди ҷалби занон ва пайомадҳои хеле хуби ҳазми маълумот аз тренингҳоро нишон дод. Занон зикр намуданд, ки онҳо акнун дониши андӯхтаи худро дар зиндагии рӯзмарра истифода мебаранд ва ин ба онҳо кумак мерасонад, ки хароҷоти нолозими рӯзмарраро коҳиш диҳанд ва ба пасандоз кардани пули худ барои расидан ба ҳадафҳои банақшагирии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати молиявии худ шурӯъ менамоянд.

***

Барои маълумоти иловагӣ лутфан тамос гиред: Muzafar Shodiev, mshodiev@iom.int