Хабарҳо
Local

Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байнулмилалии ғизоро ҷашн мегирад

Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (СОКСММ), Барномаи озуқаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОСММ) ва Оҷонсии Созмони Милали Муттаҳид доир ба муҳоҷират (СБМ)   имрӯз, 17-уми октябр, Рӯзи байнулмилалии ғизороро бо чорабиние бахшида ба иртиботи миёни муҳоҷират ва амнияти ғизоворию рушди деҳотҷой ҷашн гирифтанд. 

Чорабинӣ зери унвони “Муҳоҷирати ояндаро тағйир медиҳем: Ба амнияти озуқаворӣ ва рушди деҳот саҳм мегузорем” баргузор гардид. 

Дар чаҳорчӯбаи чорабинӣ саҳначаҳои театрӣ, озмуни таомпазӣ ва озмуни сурати беҳтарин дар байни хонандагон, саволу ҷавоб дар атрофи мавзӯъи Рӯзи байнулмилалии ғизо-2017 ва маъкараҳои иттилоотӣ дар маҳалҳо ва тавассути расонаҳои хабарӣ баргузор гардиданд. Инчунин, саҳми муҳоҷират дар афзоиши нерӯи корӣ дар ҷомеаи мизбон, ва бозгашти муҳоҷирон ба ватанашон бо малакаи нав, дониш ва маблағ, ки боиси рушди иқтисодӣ мегардад, зикр шуд. 

Виорел Гутсу, намояндаи СОКСММ дар Тоҷикистон, мегӯяд, "муҳоҷирон бевосита ба афзоиши ҳосилнокӣ, имкониятҳои шуғл, дастрасӣ ба бозорҳо, тавассути маблағгузорӣ ва дониш ба кишвар ва оилаҳои хеш метавонанд саҳм гузоранд” . 

Дар Тоҷикистон СОКСММ, БОҶСММ ва СМБ бо назардошти таҷрибаашон дар самти мудирияти муҳоҷирати дохилӣ бо ҳадафи бунёди ҷомеаҳои устувор нақши махсус доранд.  Ҳамроҳ бо шарикон, оҷонсиҳои мазкур фаъолиятҳои худро ҷиҳати боло бурдани саҳми мусбии муҳоҷирон дар коҳиши сатҳи фақр, амнияти озуқаворӣ ва ғизо, устувории хоҷагиҳои деҳот васеъ хоҳанд кард. 

Драган Алексоски, раҳбари Намояндагии СБМ дар Тоҷикистон, мегӯяд: "Рӯзи байнулмилалии ғизо ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳарчанд дар ҷаҳони рушдкарда хӯрок бо фаровонӣ ва гуногунрангӣ тавъам аст, аксарияти аҳолии ҷаҳон барои дастрасӣ ба озуқа маҷбуранд пайваста талош варзанд. Мушкили дастрасӣ ба озуқаворӣ аксар вақт ба ҳайси муҳаррики муҳоҷират бо ҳадафи дарёфти даромад хидмат мекунад. СБМ бо СОКСММ ва БОҶСММ, дигар оҷонсиҳои СММ ва шарикон фаъолиятҳои худро дар ин самт идома медиҳад, то мардум  муҳоҷиратро ҳамчун интихоби имконият қабул кунанд, на зарурат. Албатта, мо қатъиян бо унсурҳое, ки муҳоҷирати иҷбориро ба вуҷуд меоранд, ба мисли мушкили амнияти озуқаворӣ, мубориза хоҳем бурд. 

Дар чорабинӣнамояндагони ҳукумат, сафирон, намояндагони донорҳо, шарикон ва журналистон ширкат варзиданд. Ҳамзамон, аз нашри гузориши нави Амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар ҷаҳон ва моҳияти усули ҳамоҳангшуда баҳри коҳиши гуруснагӣ ва сохтани ҷомеаҳои устувор дар Тоҷикистон хабар дода шуд. 

Ин гузориш, ки аз ҷониби панҷ оҷонсии СММ  нашр шуд, шумора ва таносуби тақрибии аҳолии гуруснаи ҷаҳонро дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ фаро мегирад. Бино бар ин гузориш, муноқишаҳо, офатҳои табиӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ омилҳои асосии ба миён омадани гуруснагӣ дар ҷаҳон мебошанд. Дар айни замон, 815 миллион нафар дар ҷаҳон гуруснагӣ мекашанд. Дар Тоҷикистон, дар давраи солҳои 2004-2016 паҳншавии норасоии ғизо аз 41,5% то 30,1% коҳиш ёфт, гарчанде шумораи одамони зарардида камтар, яъне аз 2.8 то 2.6 миллион нафар кам шуд. 

Паоло Маттеи, директори кишварии БОҶ СММ дар Тоҷикистон, мегӯяд: ."Норасоии ғизо дар Тоҷикистон солона 41 миллион доллари амрикоӣ зарар меорад. Бинобар ин, сармоягузорӣ баҳри беҳтар кардани ғизои кӯдакон барои таҳсил ва ояндаи хубтар зарур мебошад". 

Тибқи сиёсати кӯтоҳмуҳлат, ки чанде пеш аз ҷониби БОҶ СММ ва Бонки ҷаҳонӣ нашр шуд, некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон бо мавҷудияти ғизои кофӣ дар сатҳи хонавода пайвастагии зичро таъкид мекунад. Сарфи назар аз коҳиши  камбизоатӣ дар даҳсолаи охир, мушкили вобаста ба амнияти озуқаворӣ дар хонаводаро ҳамоно дар қисме аз аҳолӣ дида метавон.

Созмонҳои марбут Нақшаи миллии амнияти озуқаворӣ ва рушди деҳот дар кишварро дастгирӣ карда, кӯшиш менамоянд, ки мардуми маҳаллӣ, махсусан муҳоҷирони баргашта ва қишрҳои осебпазир аз мушкили норасоии ғизо, эҳтиёҷоти хешро қонеъ гардонанд.