Хабарҳо
Local

Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон иқтидори саломатиро дар сарҳади гузаргоҳи Рузвай мустаҳкам мекунад.

ДАРВОЗ  -  14 марти соли 2023 Созмони Байналмиллалиӣ Муҳоҷират (СБМ) бо ҳамкории Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз нуқтаи нави санитарию карантиниро (НСК) кушоданд, ки ин гузаргоҳи бо номи «Рузвай» дар сарҳадии Афғонистон ҷойгир аст.

НСК

Муовини муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорати нақлиёт ва сарҳад» доктор Лолаев аҳамияти НСК-ро дар сарҳад қайд намуд: «НСК ҳам барои расмиёти реҷавӣ ва ҳам ба ҳолати фавқулодда масъул мебошад, ки сари вақтии ҳисобдиҳӣ ба мақомоти дахлдори тандурусти оид ба масъалаҳои тандурустии назди сарҳадӣ, аз ҷумла мушкилоти саломатӣ, ки ҳангоми гузаштани сарҳад ва нигарони саломатии аҳоли дар ноҳияҳои ҳамсоя муайян шудаанд»  

НСК­-аи нав ташкилшуда аз Ҷониби Шветсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Ҳукумати Италия маблағгузорӣ шуда, ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ахолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Он бо Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон №416 дар бораи тартиби кори нуқтаҳои санитарию карантинӣ дар ҳама нуқтаҳои дармонгоҳҳо  саҳм шуда, ки барои таҳкими амнияти саломатии Тоҷикистон ба таъсис дода шавад.   

Барои мутобиқат кардан ба стандартҳои байналмиллалӣ, НСК-аи “Рузвай” (дар сурат) болҳои маъмурӣ ва ташхисӣ бо таҷҳизоти навтарини тиббӣ, блоки алоҳидаи санитарӣ, ва утоқ барои кормандони соҳаи тиббӣ дар дохили худ иборат дорад. Илова бар ин, ду ҳуҷраи махсуси алоҳида (изолятор) барои бемор ва шахсони гумонбар ба бемориҳои сирояти сохта шуд.

Барои дастгирии гузаргоҳи сарҳадии “Рузвай” Созмони Байналмиллалии Муҳочират як манораи обӣ ки иқтидори 10 тонна вазн сохтааст, то дастрасии бефосилаи обро ба тамоми сохторҳои дахлдори нуқтаи вуруд таъмин кардааст.

СБМ дар якҷоягӣ бо Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва Қувваҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳои инфраструктуриро такмил додаанд ва тренингҳо оид ба вокуниш ба ҳолати изтирориро дар нуқтаҳои воридшуда ташкил кардаанд.

Ин тренингҳоро коргарони тандурустӣ ва ғайритандурустии гузаргоҳи сарҳадии “Рузвай”, ва мутахассисони тиббии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии дар ноҳияи Дарвоз ва эпидемиологҳо аз минтақаҳои Ишкошим ва Хоруғ иштирок кардаанд.

 “Мо кӯшишҳои ҷомеаи байналмиллалиро барои таҳкими иқтисоди соҳаи тандурустӣ дар сарҳад хело қадр мекунем ва манфиатдорем, ки ин фаъолияти СБМ бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ба Ҳукумати Италия маблағгузорӣ карда, дар дигар гузаргоҳҳои Тоҷикистон барои саҳмгузори дар татбиқи Қоидаҳои байналмиллалии тандурустӣ саҳм гузорем” мегуяд доктор Ҷаъфаров Навруз, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолиятҳои дар боло зикршуда тавассути лоиҳаҳои зерини СБМ амалӣ карда шудаанд: “Нақшаи чорабиниҳои ҳамаҷониба барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя” бо дастгирии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва “Дастгирии башардустона ва шахрвандони Афғон дар Покистон, Эрон ва Тоҷикистон аз бӯҳрон зарардида” бо дастгирии Ҳукумати Италия.

Барои маълумоти бештар ба суроғаи зерин муроҷиат кунед:

rqurbonova@iom.int,  +992 992 90 500 43 00