Хабарҳо
Global

Созмони амрикоии марказҳои назорати беморӣ (CDC), СБМ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро дар таҳкими амнияти саломатии фаромарзӣ дастгирӣ менамоянд

Рӯзҳои 18-19 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе семинари дуюми минтақавии амнияти саломатии фаромарзӣ таҳти унвони «Муколамаи минтақавӣ оид ба амнияти саломатӣ тавассути беҳтарсозии ҳамкорӣ ва иртибототи байнисарҳадӣ» баргузор гардид.

Рӯйдоди мазкур бо дастгирии Марказҳои ИМА ҷиҳати назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC), Созмони байналмилалии муҳоҷират ва дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Бонки осиёии рушд бо мақсади расонидани дастгирии техникӣ ва молиявӣ барои беҳтар намудани тандурустӣ ва идоракунии сарҳад дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар солҳои 2021-2023 ҷиҳати вокуниш ба COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ созмон дода шуд.

"Лоиҳаи СБМ/ Созмони амрикоии марказҳои назорати беморӣ (CDC) ҳамчун такондиҳанда барои ташаббусҳои иловагӣ хидмат кард, вақте ки вазоратҳои тандурустии кишварҳои Осиёи Марказӣ захираҳои молиявӣ ва техникии донорҳои байналмилалиро ҷиҳати дастгирӣ барои беҳтар кардани саломатии фаромарзӣ сафарбар карданд" - гуфт Зейнал ҲОҶИЕВ, роҳбари намояндагии СБМ дар Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон. Ҳамоҳангсози зерминтақавӣ дар Осиёи Марказӣ.

Пешрафти бузурге дар Осиёи Марказӣ барои пешбурди амнияти фаромарзӣ ба даст омадааст. То имрӯз, гурӯҳҳои бисёрсоҳавӣ оид ба саломатии фаромарзӣ таъсис дода шудаанд ва арзёбии эҳтиёҷот дар нуқтаҳои воридшавӣ гузаронида шуда, камбудиҳои дониш ва малакаҳои марбут ба вокуниш ба ҳолати фавқулодда дар байни кормандони соҳаи тандурустии сарҳадӣ ошкор карда шудаанд. Созмони амрикоии марказҳои назорати беморӣ ва СБМ аз он замон то ба ҳол таҳияи тартиботи амалиётии стандартиро барои ҳолатҳои фавқулоддаи саломатӣ дар гузаргоҳҳо дастгирӣ карданд ва таҷҳизоти лозимро барои ошкорсозӣ, огоҳсозӣ ва ҳолатҳои равонасозӣ ва дастгирии ҳолатҳои шубҳаноки бемориҳои сироятӣ таъмин карданд.

Чорабинии мазкур ҳамкориҳои стратегиро байни кишварҳои иштироккунанда идома медиҳад ва форумро барои табодули иттилоот дар бораи ташаббусҳо ва таҷрибаҳо дар соҳаи тандурустии фаромарзӣ аз дигар минтақаҳо фароҳам месозад ва ҳамоҳангсозӣ ва иртибототи байнисарҳадиро мутобиқи Муқаррарори байналмилалии тандурустӣ (IHR) тақвият медиҳад.

Абдухолиқ Амир Амирзода – муовин ва сарпизишки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки  «Муқаррароти байналмилалии тандурустӣ нақши ҳамкориҳои фаромарзиро дар бар мегирад ва барои дастгирии он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ҳамкории фаромарзӣ иқтидорҳои мавҷударо дар воситаҳои муқарраршудаи гузаргоҳ аз роҳҳои заминӣ тавассути ҳамоҳангсозии захираҳо, таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва иртиботот ва такмил додани кӯшишҳои муштарак тавсеъа мебахшад ва такмил медиҳад. Ҳамкории самарабахши минтақавӣ метавонад ба тавонмандиҳои соҳаи тандурустӣ дар сарҳад таъсири назаррас расонад».

Созмони амрикоии марказҳои назорати беморӣ (CDC) бо ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи марказӣ дар давоми 20 сол ҳамкорӣ мекунад. Созмони амрикоии марказҳои назорати беморӣ аввалин дафтари кишварии худро дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) дар соли  1995 ифтитоҳ кард ва баъдан дафтарҳои дигари худро дар  Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои пешгирӣ, ошкорсозӣ ва вокуниш ба хуруҷи бемориҳо таъсис дод.