Хабарҳо
Global

Солимии равонӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ

Душанбе – Тадқиқоти нав дар бораи солимии равонии муҳоҷирон дар Тоҷикистон холигоҳ дар хидматрасонӣ дар соҳаи солимии равонӣ барои муҳоҷирони бозгардандаро ошкор кардааст.

Тадқиқот - аввалин таҳлили ҳамаҷонибаи таъсири муҳоҷират ба солимии равонии муҳоҷирони тоҷик - аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Дар он мушкилоте муайян шудаанд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ҳангоми муроҷиат ба кӯмаки равонӣ бо онҳо рӯбарӯ мешаванд ва аломатҳои бештар ба қайд гирифташуда баррасӣ мешаванд, ки мумкин аст аз мушкилоти равонӣ шаҳодат диҳанд. Инҳо аксари вақтҳо тавассути симптомҳои соматикӣ ва доираи васеи онҳо зоҳир мешаванд ва мушкилоти эҳтимолии солимии равонӣ кашфнашуда боқӣ мемонанд.

"Натиҷаҳо, махсусан аломатҳои соматикӣ, аффективӣ, когнитивӣ ва рафторӣ мумкин аст аз ҷониби мутахассисони тиббӣ барои арзёбӣ ва ташхиси барвақти ихтилоли умумии солимии равонӣ истифода шаванд" - мегӯяд мушовир-пажӯҳишгари СБМ доктор Наталя Зотова.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, доктор Шодихон Ҷамшед зикр кард, ки “муҳоҷирати меҳнатӣ ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо манфиатҳои зиёд меорад ва ба натиҷаҳои мусбати макроиқтисодӣ, рушд ва демографии кишварҳои фиристанда ва пазиранда мусоидат мекунад. Сарфи назар аз таъсири мусбат, таҷрибаи зиндагӣ ва кор дар хориҷ мушкилоти зиёдеро ба бор меорад, ки метавонанд ба саломатии ҷисмонӣ ва равонии муҳоҷирон таъсири манфӣ расонанд”.

Гузориш зери унвони “Мушкилоти солимии равонии муҳоҷирони тоҷики бозгашткунанда ва таҷрибаҳои онҳо барои гирифтани хидматрасонӣ ҷиҳати солимии равонӣ ва дастгирии равонию иҷтимоӣба забони англисӣ дастрас аст. Вариантҳои русӣ ва тоҷикӣ дар моҳи майи соли 2023 дастрас хоҳанд шуд. Ин пажӯҳиш ҳамчун бахше аз лоиҳаи “Муҳоҷирони тоҷики бозгашткунанда: баланд бардоштани вокуниши бисёрҷонибаи тарафҳои манфиатдор ба масъалаҳои солимии равонӣ ва маъюбият” аз ҷониби Хазинаи рушди СБМ дастгирӣ ёфт.

Барои иттилооти бештар, лутфан тамос гиред:

rqurbonova@iom.int,  +992 992 90 500 43 00