Хабарҳо
Local

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон баргаштанд

Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал (СБМ) дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозгашти беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд.

Гурӯҳи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, имрӯз, 3-юми сентябр, баргаштанд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт. 

Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти беш аз 2100 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Узбекистон ба ватан мусоидат кардааст. Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.