Хабарҳо
Local

СБМ/USAID таъмини ҳукумати Тоҷикистонро барои беҳтарин ва мустақил содир кардани механизми миллии интиқоли парвандаҳо дар Тоҷикистон дастгири мекунад.

Душанбе, Тоҷикистон. 29-уми августи соли 2023 Имрӯз Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар доираи лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон”, ки аз ҷониби Намояндагиии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст ва дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба  савдои одамон  нишаст  оид ба «Тақвият бахшидани татбиқи  Механизми миллии бозравонии  мубориза ба  савдои одамон» ро дар шаҳри Душанбе,  баргузор намуд.

Дар вохӯрии мазкур ҷонибҳои манфиатдори Mеханизми миллии бозравонӣ ва шарикон, ки аз вазорату идораҳои давлатӣ, кумитаҳо, созмонҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ иборат аст, ҷамъ омадаанд, то саъю талошҳои ҷориро дар дастовардҳо ва пешрафти Тоҷикистон оид ба татбиқи Механизми миллии бозравонӣ, ки ба муайян намудан, ҳифз кардан ва расонидани кӯмак ба қурбониёни  савдои одамон равона шудаанд, баррасӣ намоянд.

Вохӯрии ҷонибҳои манфиатдор ва шарикони ММБ тавассути Лоиҳаи “Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон”, ки аз ҷониби Намояндагиии Агентии ИМА доир ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон  маблағгузорӣ шудааст, бо мақсади (i) муайян кардани мушкилот ва маҳдудиятҳо дар фаъолияти механизм; (ii) муайян кардани роҳҳои ҳалли мувофиқ; (iii) таҳияи воситахои зарурӣ барои беҳтар кардани фаъолияти он, аз қабили воситахои стандартишуда барои шиносоӣ ва муроҷиати ҷабрдидагон, стандартҳои хизматрасонӣ, ҳуҷҷати идоракунии парванда, махфият, мубодилаи маълумот ва протоколҳои муҳофизатӣ, кодекси ахлоқии рафтор; (iv) мониторинг ва бартараф кардани мушкилот дар татбиқи ММБ.

Дар суханронии ифтитоҳии худ хонум Кристина Транка, Роҳбари намояндагии Созмони Байналмиллалии Муҳоҷират қайд кард, ки « Механизми миллии бозравонӣ муддати тӯлонӣ аст, ки мавҷуд дорад, вале то ҳол баъзе камбудиҳо ва мушкилотхо хастанд, ки бояд бартараф карда шаванд. Ҳар як механизм системаи худро дорад ва хангоме, ки оиди Механизми бозравонии миллӣ харф мезанем, мо ягон асбобро дар назар надорем, балки одамонро дар назар дорем, ки ин механизмро фаъол менамоянд. Мо бояд тамоми кӯшишҳои худро ба он равона созем, ки ин Механизм мувофиқи талаботҳо фаъол бошад ва вақте ки ҷонибҳои манфиатдор нақш ва масъулиятҳои худро медонанд, ба осонӣ ба хадаф мерасем. Тавассути тахлилхои худ мушохида кардам, ки Тоҷикистон қонунхои хеле хуб дорад, вале мо хам бояд чорахо андешем, ки онхо дар амал татбиқ ва мустахкам карда шаванд.

Агар қурбониёни савдои одамон самараноктар муайян карда шаванд, ба хизматрасонихо ва кӯмаки босифати муҳофизатӣ дастрасӣ пайдо намоянд ва сиёсатҳою равишҳои мубориза ба савдои одамон дар Тоҷикистон  дар байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор беҳтар ҳамоҳанг карда шаванд, пас осебпазирӣ нисбат ба ба савдои одамон коҳиш ёфта, ҷабрдидагон беҳтар ҳимоя карда мешаванд ва тавонманд мешаванд, то ба муҳоҷирати бехатар мусоидат кунанд ва оқибатҳои манфии савдои одамон ва истисмори ҷиноиро ҳал намоянд.”

Дар сухани ифтитоҳии худ, намояндаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ USAID дар Тоҷикистон хонум Зайтона Наимова, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаҳо, қайд кард, ки «Ин дуюмин чорабинии лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва мубориза ба савдои одамон» мебошад, ки ман дар он иштирок менамоям ва хеле хушҳол ҳастам, ки хамаи тарафхои манфиатдор дар инҷо ҳузур доранд. Дар доираи ин лоиҳа, ин аввалин вохӯрии мунтазами ҷонибҳои манфиатдор ва шарикони Механизми миллии бозравонӣ дар соли ҷорӣ аст ва мо ният дорем, ки ин вохӯриҳоро мунтазам дастгирӣ кунем, то ММБ ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор таҳкиму такмил ёфта, расонидани хадамоти ҳимоякунӣ ва кӯмак ба шахсони ба савдои одамон дучоршуда ва дигар одамони осебпазир таъмин гардад. Барои дастгирии мардуми осебпазир мо бояд худро ба ҷои онҳо гузошта, ҷиҳати таҳкими фаъолияти ММБ дар Тоҷикистон ҳамкории зич намоем ва фаъолиятҳоямонро ҳамоҳанг созем. Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ USAID дар Тоҷикистон ҳамкориҳои ИМА ва Ҳукумати Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби механизми муайяншудаи бозравонӣ идома медиҳад.”

Намояндаи Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Хонум Адриана Барилов, роҳбари бахши муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон низ дар навбати худ аз саҳми фаъолиятҳои  САҲА дар Тоҷикистон дар самти  муқовимат ба савдои одамон суханронӣ намуд. Қайд  карда шуд, ки фаъолиятҳои вобаста ба савдои одамон хусусан ба субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар беҳтар намудани дастрасии қурбониёни савдои  одамон ба адолати судӣ мусоидат менамояд. Дафтари барномаҳо татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳоро доир ба муқовимат ба савдои одамонро дастгирӣ менамояд. Ҳамчунин, ҳамоҳангсозии муассири байни вазоратҳоро дар байни ҷонибҳои манфиатдори давлатӣ дастгирӣ мекунад ва кӯшиш мекунад, ки аз таҷрибаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар механизмҳои миллии вокуниш ба воситаи платформаи мунтазами чорабиниҳои муколамавӣ ҷалб намоянд. Дафтари мазкур ба баланд бардоштани иқтидори субъектҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки дар муқовимат  ба савдои одамон машғуланд, фаъол мебошад. Илова бар ин, Дафтар фаъолияти механизмҳои миллии машваратии кӯмак ба қурбониёни савдои одамонро дар кишвар амалӣ  менамояд ва ӯҳдадор аст, ки сатҳи огоҳии ҷомеаро оид ба пешгирии савдои одамон ва расонидани хидматҳои дастгирии қурбониён таъмин намояд.

Дар доираи лоиҳаи «Муҳоҷирати бехатар ва муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикситон, СБМ ҷиҳати беҳгардонии механизми  миллии бозравонӣ  бахри ҳимоя ва кӯмак ба ҷабрдидагон ва қурбониёни эҳтимолии савдои одамон, аз ҷумла механизми мавҷудаи миллии бозравонӣ дар кишвар, фаъолият менамояд. Бахусус Лоиҳа барои беҳгардонии ММБ бо ҳосил кардани итминон дар мавриди он ки нақшу ўҳдадориҳо, тартибот ва стандартҳои айниятсозии қурбониён, бозравонӣ, муҳофизат  ва кумакрасонӣ ҳамчун ҷузъи худи ММБ возеҳу муайян сабт шудааст, фаъолият  хоҳад кард.

Механизмҳои ҳимоявии сершумор ва такроршаванда метавонанд дар як қаринаи (контексти) мушаххас бо созмонҳои сершумор, ки ҳар кадоми онҳо ваколатҳои гуногун дошта, хадамоти мухталифро пешниҳод мекунанд, вуҷуд дошта бошанд. Аз ин рӯ, ҳамоҳангсозӣ барои таъмини он, ки қурбониёни савдои одамон ҳимоя шаванд ва кӯмакҳои заруриро ба даст оранд лозим ва пешгирӣ аз парокандагӣ дар хидматрасониҳоро муҳим мебошад.