Хабарҳо
Local

СБМ ва Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи вилоят омӯзиши серӯзаро оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашташуда оғоз намуданд

Бохтар, вилояти Хатлон – Дирӯз, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар якҷоягӣ бо шарики худ аз мақомоти давлатӣ - Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи вилоят омӯзиши серӯза оид ба реинтегратсияи муҳоҷирони бозгашташударо оғоз намуд. Дар омӯзиш 17 мутахассис аз Хадамоти муҳоҷират ва аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандии панҷ ноҳияи вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Дар сухани ифтитоҳӣ, намояндаи СБМ дар Тоҷикистон оид ба аҳамияти омӯзиш барои иштироккунандагон бо назардошти рушди ҳозираи муҳоҷират дар давраи КОВИД-19 равшанӣ андохт. Ӯ қайд намуд ки аз сабаби аз даст додани ҷои кор ва даромад бинобар хуруҷи бемории КОВИД-19, ин ҳолат баъзе муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро маҷбур сохт ки Россияро тарк намуда ба Тоҷикистон баргарданд. Хусусан, ӯ чунин қайд намуд, ки муҳоҷирони бозгашта ва онҳое, ки вурудашон дубора ба Федератсияи Россия манъ аст, аз сабаби маҳдуд будани имконияти ҷои кор ва надоштани маълумоти кофӣ аз хидзматрасониҳое, ки дар ҷомеаи онҳо мавҷуданд, дар ҳолати стресс қарор доранд. Бинобар ин, омӯзиши мазкур ба баланд бардоштани иқтидори шарикони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳал оид ба гузаронидани вохӯриҳои реинтегратсионии гурӯҳӣ барои муҳоҷирон мусоидат мекунад. Хусусан онҳо дар ин омӯзиш малакаҳои худро оид ба фасилитатсия ва муоширати самаранок бо муҳоҷирони осебпазире, ки мушкилоти равонӣ доранд ва бозравонӣ карда мешаванд, сайқал хоҳанд дод. 

Роҳбари Хадамоти муҳоҷират дар сатҳи вилоят дар бораи таъмин намудани муҳоҷирони бозгашташуда бо малакаҳои зарурии корӣ, ки барои онҳо дар пайдо кардани  ҷойҳои корӣ дар дохили Тоҷикистон ва берун аз он кӯмак карда метавонад, таъкид кард. Вохӯриҳои реинтегратсионии гурӯҳӣ як платформаи хубе мебошад, ки  барои баланд бардоштани огоҳии муҳоҷирони баргашта оид ба хизматрасониҳои мавҷуда дар робита бо таълими касбӣ, шаҳодатномакунонии касбу ҳунар ва дигар кумакҳо, ки имкониятҳои онҳоро барои реинтегратсияи муваффақ зиёд мекунанд, мусоидат хоҳад намуд.

Дар назар аст, ки пас аз омӯзиши реинтегратсионӣ, иштирокчиён вохӯриҳои гуруҳии реинтегратсиониро барои 2500 муҳоҷири бозгашташуда то охири моҳи апрели соли 2021 дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон баргузор хоҳад намуд. 

Омӯзиш тавассути маблағгузории Ҳукумати Британияи Кабир дар доираи лоиҳаи "Устуворсозии ҷомеа тавассути реинтегратсияи муҳоҷирон бозгашташуда дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дар давраи КОВИД-19 ва баъд аз он" дастгирӣ карда мешавад.

***

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ лутфан бо: хонум Зебигул Шехова, Ёвари калони лоиҳаи СБМ дар Тоҷикистон бо суроғаи zshekhova@iom.int тамос гиред.