Хабарҳо
Global

СБМ бо гузаронидани дарсҳои саводнокии молиявӣ барои кӯдакони афғон ва тоҷик Рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳои оилавиро таҷлил кард

Душанбе, Тоҷикистон –16 июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии интиқоли маблағҳои оилавӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз мо саҳми бузурги муҳоҷиронеро, ки ба ҷамоаҳои аслии худ барои беҳбуди зиндагии хонаводаҳояшон ва бунёди ояндаи фарзандонашон маблағ мефиристанд, эътироф мекунем. 

Ба муносибати ин рӯз СБМ Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон бо кумаки молии Иттиҳодияи Аврупо дар якҷоягӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ барои кӯдакони афғон ва тоҷик омӯзиши интерактивӣ ташкил карданд. Доир ба саводнокии молиявӣ, бахусус, оид ба идоракунии маблағҳои худ бозиҳо низ гузаронида шуданд.

Ҳангоми бозиҳо кӯдакон дар бораи чӣ гуна истифода бурдани маблағҳои худ дар асоси вазъиятҳои гуногуни молиявӣ бо шавқ қарор қабул карданд. Онҳо дар бораи аҳамияти банақшагирии буҷет, хароҷоти оқилона ва ҳатто имкониятҳои сармоягузорӣ маълумот пайдо карданд.

Семинар инчунин викторинаи интерактивиро дар бар гирифт, ки дар љараёни он иштирокчиён тавонистанд дониши худро оид ба саводнокии молиявӣ нишон диҳанд. Ин як таҷрибаи шавқовар ва таълимӣ буд, ки ба кӯдакон кӯмак кард, то ки аҳамияти масъулият ва огоҳии молиявиро дарк кунанд.

Мо ифтихор мекунем, ки дониш ва малакаи саводнокии молиявии худро бо ин ҷавонон мубодила кардем. Онҳо ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд ва мо итминон дорем, ки ин ғояҳои нав барои муваффақ шудан ва фароҳам овардани ояндаи беҳтар барои худ ва оилаҳои онҳо кумак мекунанд.