Хабарҳо
Global

СБМ ба тренерони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон оид ба “Идоракунии Башардӯстонаи Сарҳадот” омӯзиш гузаронид.

Душанбе, Тоҷикистон – Шуруъ аз 5-ум то 10-уми июни соли 2023, СБМ дар Тоҷикистон омӯзиши шаш-рӯза доир ба Идоракунии Башардӯстонаи Сарҳадот барои ҳашт тренерони ботаҷрибаи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бомуваффақият гузаронинд.

Омӯзиш дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи бисёрсолаи СБМ Тоҷикистон “Дастгирии Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар таҳкими амнияти сарҳадот”, ки аз ҷониби ИМА маблағгузорӣ мешавад, сурат гирифт. Ҳадафи лоиҳа, саҳмгузорӣ дар таҳкими амниятисарҳадоти Тоҷикистон баҳри таъмини амният ва ҳифзи марзҳои кишвар аз интиқоли ғайриқонунии аслиҳа, маводи мухаддир, қочоқ ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ва инчунин хатарҳо ба саломатии аҳолӣ мебошад.

Модули таҳиякардаи СБМ оид ба Идоракунии Башардӯстонаи Сарҳадот аз доираи техникии назорати сарҳадӣ ва муҳоҷират берун буда, таваҷҷӯҳ ба шахсоне равона карда шудааст, ки паси ҳуҷҷатҳои худ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ мебошанд. Ин усул риояи ҳуқуқ ва унсурҳои ҳифзи инсонро ҳатто дар ҳолатҳои фишори шадид кафолат медиҳад.

Чунин раванд барои мудирият ва дар идоракунии убури марз кӯмакҳои зарурӣ расонида, дар ҳолатҳои фавқулодда ва бӯҳрони муҳоҷират барномарезӣ мекунад. Ҳамзамон, ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ва арзёбии ҳар як фард барои масъалаҳои эҳтимолии амниятро ба назар мегирад.

Дар ин замина, таҳкими минбаъдаи иқтидори марзбонон ба ҳайси коршиносу тренерон қадами муҳим мешавад ки, тренерони омӯзонидашуда метавонанд бо истифода аз барномаҳои омӯзишӣ оид ба идоракунии сарҳадот барои марзбонон, силсилаи омӯзишҳои иловагии махсусро таҳия ва баргузор намоянд.

Омӯзиши мазкур барои инструкторони (дастурдиҳандагон) Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамкориҳои дарозмуддати СБМ ва Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистонро тақвият медиҳад. «Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон муддати тӯлонӣ бо СБМ ҳамкорӣ доранд ва дар ин муддат СБМ баҳри баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти назорати сарҳадӣ, танзими равандҳои муҳоҷират, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва тайёр намудани кадрхо кӯмаки назаррас расонидааст. Метавон иброз дошт, ки сатҳи кунунии ҳамкории нерӯҳои марзбонӣ ва СБМ ба мо дар ҳалли муштараки масъалаҳои сарҳадӣ дар оянда кӯмак хоҳад расонд” - иброз дошт намояндаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

СБМ фаъолияти худро барои солхои 2023-2025 дар раванди баланд бардоштани дониш ва малакаи марзбонони тоҷик дар заминаи Идоракунии Башардӯстонаи Сарҳадот идома хоҳад дод.

Барои гирифтани маълумоти бештар, лутфан тамос гиред: krajabov@iom.int