Хабарҳо
Local

СБМ ба 180 муҳоҷири тоҷик барои бозгашт аз Қазоқистон кумак кард

Нур-СултонСБМ Қазоқистон, СБМ Тоҷикистон ва СБМ Ӯзбекистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукуматҳо баҳри баргардонидани беш аз 180 муҳоҷири осебпазирро ба Тоҷикистон тавассути қаламрави Ӯзбекистон идома медиҳанд.

Рӯзи 13уми октябр СБМ Қазоқистон аз намояндагии СБМ дар Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Тошканд паём гирифт, ки гурӯҳи 68-нафараи муҳоҷирони дармондаи тоҷик ба гузаргоҳи Жибек-Жолии Қазоқистон дар шафати марз бо Ӯзбекистон ҷамъ шудаанд. Баъдтар ин гурӯҳ то 180 нафар расид. Муҳоҷирон бо сабаби маҳдудиятҳои Ковид-19 дармонданд ва наметавонистанд қаламрави Қазоқистонро тарк кунанд. Инчунин, ҳеч воситае барои восоити зист дар кишвари бегона надоштанд. СБМ тасмим гирифтааст, ки  баҳри бозгашти ихтиёрии мухоҷирони ниёзманд мусоидат намояд ва онҳоро аз ҳолати вакуумии иқтисодӣ ва ҳуқуқие, ки  дар натиҷаи пандемия руҳ додаст, раҳо кунад.

Муҳоҷирон дар барномаҳои ҳифзи иҷтимоии аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ барои шаҳрвандони худ пешниҳодшуда, иштирок намекунанд. Инчунин барои муҳоҷирон ташкили таълими фосилавӣ барои фарзандони худ душвор мебошад, ҳатто агар онҳо дар мактабҳои кишварҳои қабулкунанда таҳсил низ намоянд. Ҳамзамон, онҳо имконияти хело кам барои бозгашт ба ватанро доранд, зеро кишварҳои асли наметавонанд репатриатсияи мунтазамро ташкил кунанд. Аз ин рӯ муҳоҷирон маҷбуранд бо манбаъҳои маҳдуди худ такя кунанд.

Кӯмаки мустақим ба шарофати кӯшишҳои муштараки Вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва шӯъбаҳои хадамоти муҳоҷират дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси минтақавии СБМ «Коҳиш додани таъсири иҷтимоию иқтисодии пандемияи Ковид-19» бораи муҳоҷирон ва ҷомеаҳо дар Осиёи Миёна ва Федератсияи Русия " имконпазир гардид. Ташаббуси мазкур аз ҷониби Очонсии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад.

***

Барои маълумоти иловагӣ, лутфан бо хонума Светлана Жасимбекова, Ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳа бо суроғаи электронии bekmambetova@iom.int тамос гиред.