Хабарҳо
Global

Саросари сарҳадҳо: сафар аз ҳудуди марказҳои қабули гурезагон дар Юнон, Туркия ва Босния ва Ҳерсеговина

22 август – 2 сентябр, Юнон, Туркия, Босния ва Ҳерсеговина – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Марказӣ шумораи зиёдтарини гурезаҳоро қабул мекунад. Мувофиқи омори расмии ҳукумати Тоҷикистон, дар моҳи январи соли 2023 дар кишвар беш аз 8000 паноҳанда ва 1300 паноҳҷӯ зиндагонӣ мекард. Аз ин рӯ, ҳам барои ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам ҷомеаи ҷаҳонӣ тақвият бахшидан ба идоракунии сарҳади Тоҷикистон ба масъалаи калидӣ табдил ёфтааст.

Дар давоми ду соли охир намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳоро, ки ҳамчун вокуниш ба ҳолати бӯҳронӣ дар Афғонистон аз ҷониби СБМ ва UNHCR таҳия шуда буданд, амалӣ кардааст. Ин лоиҳаҳо барои дастгирии эҳтиёҷоти башардӯстона, ҳимояи гурезаҳо ва ҷомеаҳои мизбон дар Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд.

Дар давоми чанд соли охир СБМ дар Тоҷикистон дар доираи барномаҳои идоракунии сарҳадии худ 85 тренинги такмили иқтидор дар мавзӯи «Идоракунии башардӯстона оид ба сарҳад» (ИБС) барои кормандони Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон (ҚСТ) гузаронидааст. Тренингҳои ИБС аз ҷониби СБМ барои ҳалли мавзӯъҳои зерин тарҳрезӣ шудаанд:

  • Ҳуқуқҳои фундаменталии инсон барои муҳоҷирон
  • Муҳоҷирони осебпазир дар ҷараёни муҳоҷирати омехта
  • Банақшагирии ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолатҳои пеш аз бӯҳрон
  • Идоракунии башардӯстонаи сарҳад дар ҳолатҳои бӯҳронӣ
  • Саломатии муҳоҷирон

Бо мақсади таъмини Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон бо баъзе мисолҳои воқеии ҳаётӣ, СБМ як сафари омӯзишӣ барои ҳафт намояндаги ин ниҳод барои нишон додани вокунишҳои башардӯстонаи байналмилалӣ ба ҷараёнҳои бузурги муҳоҷирати фаромарзӣ ва шаклҳои ҳаракат дар натиҷаи бӯҳронҳо ташкил намуд.

Мақомоти марзбонӣ аз шаш маркази иқомати муваққатии муҳоҷирон ва паноҳандагон дар Босния ва Ҳерсеговина, Юнон ва Туркия дидан карда, бо ҳамтоёни худ дар ин кишварҳо мулоқот карданд. Онҳо оид ба ташкили кумакҳои башардӯстона ба афроде, ки дар рафт ва пас аз интиқоли оммавии муҳоҷирон аз сарҳад дар ҳолати бӯҳронӣ қарор мегиранд, маълумоти зарурӣ дастрас намуданд. Дар натиҷаи сафари омӯзишӣ иштирокчиён қайд намуданд, ки ин сафар сатҳи малака ва дониши онҳоро оид ба таҷрибаҳои идоракунии сарҳадро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонд.

Ин сафари омӯзишӣ бо маблағҳои Бюрои байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва ҳифзи қонуни ҳукумати ИМА имконпазир шуда, аз ҷониби Созмони Байналмилалии Муҳоҷират амалӣ ва ҳамоҳанг карда шуд.