Хабарҳо
Local

РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН 2023: ТОҶИКИСТОН “DigitALL: навоварӣ ва технологияҳо барои ҳифзи баробарии гендерӣ"

Вахдат – Аз рӯзҳои аввали техникаи комптерӣ то ба имрӯзи воқеияти виртуалӣ ва зеҳни сунъӣ, занон дар ҷаҳони рақамӣ, ки мо ҳарчи бештар дар он зиндагӣ мекунем, саҳми бебаҳо гузоштанд. Бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои онҳо дар соҳае буд, ки таърихан онҳоро намепазируфт ва қадр намекард.

Ҳамасола 8 март дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии занон (IWD) таҷлил карда мешавад, то дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии занон қайд гарданд. Он инчунин даъват ба амал барои тезонидани баробархукукии занон аст.
7 марти соли 2023 СБМ дар ҳамкорӣ бо Маркази таълимии STAR дар шаҳри Ваҳдат ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо семинар дар мавзӯи IWD: Инноватсия ва технология барои баробарии гендерӣ баргузор намуд. Дар он занону духтарони афғон ва тоҷик, ки дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар курсҳои технологияҳои иттилоотӣ таҳсил мекарданд, намояндагони диаспораи афғон, Иттиҳоди Аврупо ва дигар ҷонибҳои муҳими манфиатдор ширкат доштанд.

Курсҳои IT, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешаванд, ба занони ҷавони афғон имкон медиҳанд, ки малакаҳои муқаддимавии IT, тарроҳӣ ва таҳияи веб ва чӣ гуна баланд бардоштани қобилияти шуғлиро тавассути дастрасӣ ба фазои рақамӣ омӯзанд.

Барои дастгирии курсҳои IT, маблағҳои ИА имкон доданд, ки лабораторияи IT-ро пурра муҷаҳҳаз созанд, ки дар он духтарон ва занон метавонанд бо истифода аз технологияи навтарин ба таври бароҳат таҳсил кунанд.

Семинар ба нақши занон ва духтарон дар табдили рақамӣ, инчунин монеаҳо ва мушкилот дар роҳи ҳамгироии онҳо дахл кард.
Пас аз он ҷаласаи интерактивӣ аз ҷониби Наргис Бабаева, корманди PSEA-и СБМ Тоҷикистон доир гардид, ки оид ба гендер ва стереотипҳои гендерӣ ва бо муаррифии Шабнам Шодиқулова аз ширкати хусусии IT Run оид ба инноватсияҳо ва технологияҳо барои баробарии гендерӣ анҷом ёфт.

Мо ба Иноятулло Масҷидӣ барои дастгирӣ дар ташкили чорабинӣ, ба диаспораи афғон барои барномаи фарҳангӣ ва ташкили чорабинӣ ва ба намояндаи Иттиҳоди Аврупо барои дастгирӣ ва иштирокашон изҳори сипос мекунем.

***

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи Рӯзи байналмилалии занон дар Точикистон ба суроғаи зерин мурочиат кунед: nshekhova@iom.int; +992 900 177 377